Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ба осонӣ пай мебурдам, ки ин ҳама мисолҳо (дурусттараш қисме аз онҳо) барои китоби оянда ва ё мақолаи навбатӣ оид ба маданияти сухан мавод хоҳанд шуд. Дар муқаддимаи таҳрири дувуми китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» (1985) муаллиф навиштааст, ки «аз садҳо мисоле, ки дар даст дорад, чандеро ба муҳокимаи рафиқон гузоштан мехоҳад». Ин чунин маънӣ дорад, ки машғулият ба забон ва маданияти сухан барои ӯ кори тасодуфӣ, иштиёқи муваққатӣ набуда, яке аз соҳаҳои ҳамешагии кори илмиву эҷодӣ мебошад.
Аввалин мақолаи ӯ дар соҳаи маданияти сухан таҳти унвони «Сухан аз забон ва тарзи баёни аҳли матбуот» соли 1965 («Садои Шарқ», № 10) чоп шуда бошад ҳам, баъдан низ дар асарҳои оид ба эҷодиёти С.Айнӣ, М.Турсунзода, Раҳим Ҷалил, С.Улуғзода, Ғ.Мирзо, А.Шукӯҳӣ навиштааш дар баробари ғояи асар, маҳорати эҷодӣ ба забону услуби адибони мазкур пайваста диққат медод. Ба миён омадани китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» (нашри аввал 1965) дар соҳаҳои забоншиносии амалӣ, услуб ва маданияти сухан ҳодисаи фавқулъода муҳим буд. Иштирок дар таҳрири китоби дуҷилдии «Фарҳанги забони тоҷикӣ»
(1969) барои сайқали маҳорат ва эҳсосу идроки забондонии М.Шакурӣ боз як мактаби олӣ гардид.
Хидмати М.Шакурӣ дар соҳаи амалияи забон ва маданияти сухан бо китобу мақолаҳои оид ба ин соҳаҳо навиштааш маҳдуд намешавад. Балки дар тамоми мақолаву китобҳои ӯ ҷустуҷӯ ва истифодаи истилоҳоту таъбироти тоза, шаклҳои суфтаву шевои ибораву калимасозӣ ҳамеша ба назар мерасад.
Вақте ки аввалҳо мафҳуму истилоҳоте аз қабили «фаъолиятмандии иҷтимоии қаҳрамон», «худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихии халқ», «худтаҳлилии қаҳрамон», «ҳиссиётписандиву андешапарварии қаҳрамон», «насри андешаҳо», «меросбарии адабӣ», «қаҳрамони зӯрманд» ва амсоли инҳо дар навиштаҳои М.Шакурӣ пайдо мешуданд, баъзе рафиқони ҳамкор аз ӯ бо оҳанги таарруз суол мекарданд, ки оё ин истилоҳоту таъбирот сохтаву маснӯъ нестанд ва ба табиати забон мувофиқ меомада бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё