Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллим андак андеша мекарданду мегуфтанд, ки ба истифодаи онҳо исрор надорад, ӯ ба сохтани ин гуна истилоҳоту калимот ба тақозои зуҳури мафҳумоти нав маҷбур аст, вале агар қолабҳои ба эҷодкориҳои худ шабеҳро дар осори классикони гузашта ва Айниву Лоҳутӣ мушоҳида накарда бошад, ба чунин сохтанҳо иқдом намекунад.
Ҳоло ҳамаи мо шоҳидем, ки даҳҳо истилоҳу таъбири эҷодкардаи муаллим Муҳаммадҷон Шакурӣ дар навиштаҳои адабиётшиносону мунаққидон, нависандагону журналистон, забоншиносону услубшиносон фаровон истифода шуда, дар амалияи забони китобии имрӯза комилан ҳазм гардидаанд.
Баҳори соли 1985 аз Ассотсиатсияи умумииттифоқии шарқшиносон намояндае омада, дар ҳузури мо, чанд нафар, бо муаллим Муҳаммадҷон Шакурӣ аз хусуси асарҳояшон суҳбат мекард. Зимнан ӯ аз муаллим пурсид, ки кадоме аз китобҳо барояшон азизтар аст. Муаллим бидуни он ки лаҳзае фикр карда бошанд, китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад»-ро ном бурданд, ки дар арафаи чопи дуюм буд. Он вақт ман ба ин ҷавоби муаллим аҳаммият надодам, вале баъди чанд рӯз ба ин маънӣ аз он кас пурсон шудам, ки, охир, шумо як умр ба тадқиқи адабиёт машғулед, китобҳои бисёре дар ин ришта навиштаед, лекин ба чӣ сабаб як китоби соҳаи забонатонро аз ҳамаи онҳо афзал медонед. Ва он кас гуфтанд, ки ҳам эҷод ва ҳам омӯзиши адабиёт ба донистани забон вобаста аст. Баъди андаке сукут илова карданд: «Забон асоси симои миллат аст, маданияти халқ аз бисёр ҷиҳатҳо ба маданияти забони ӯ вобаста аст».
Устод Шакурӣ баъдан ин тезиси худро аввал дар мақолаҳои «Ҳар кас ба забони хештан дармонад», «Ҳукумати асрҳо», «Дузабонӣ ё безабонӣ» асоснок кард, ки соли 1988 дар айни авҷи муборизаи зиёиёни тоҷик барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ таълиф шудаанд.

пешина
аз 202
навбатӣ