Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ аз Тоҷикистон аввалин касе буд, ки соли 1988 оид ба барқарор намудани ҳуқуқи иҷтимоии забони тоҷикӣ ва умуман забонҳои миллӣ дар нашрияҳои «Советская культура», «Литературная газета» ва маҷмӯаи «Говоря откровенно»
мақолаҳояш ба табъ расиданд. Баъдтар ӯ дар китобҳои «Забони мо ҳастии мост (1991) ва «Хуросон аст ин ҷо» (1997, чопи дуюм – 2009) ақидаҳои худро таърихан ва илман асоснок намуд. Дар асоси далелҳои таърихӣ ва муқоясаву мулоҳазаҳои илмӣ М.Шакурӣ бо такя ба андешаҳои олимони муътабар исбот кард, ки «забони форсии тоҷикӣ ҳамон форсии дарист, ки дар садаи 9-10 мелодӣ, шояд ҳатто андаке пештар аз он, шакли адабӣ ба худ гирифт ва дар аҳди оли Сомон… гунаи расмии он, ки дар муомилоти давлатӣ, коргузорӣ ва насри илмӣ ба кор меравад, ба вуҷуд омад». Ба ақидаи ӯ, «форсии дарӣ пеш аз исломият дар Бухоро ривоҷ дошт ва ба дараҷаи забони шеър расида буд», бинобар ин даъвои баъзе олимон, ки гӯё забони форсӣ бо лашкари араб ва «мавлоиён» ба Осиёи Миёна омад, ҳеч асоси воқеӣ ва илмиву таърихӣ надорад.
Нақши забонро дар ташаккули миллат, фарҳанги миллӣ ва умри дарози миллат ҳамчун омили асосӣ маънидод карда, М.Шакурӣ ба чунин хулоса меояд, ки «забони ҳамагонии муқтадири дарӣ заминаи нумӯъи эҳёи миллӣ ва тараққии беназири фарҳангу маънавият шуд… Форсии дарӣ ва неруи рӯзафзуни он яке аз падидаҳои асосӣ ва муҳимтарин ҷузъи иродаи миллат буд, ки дар роҳи озодию истиқлол ва рушду камоли маънавӣ амал мекард».
М.Шакурӣ мояи ифтихор медонад, ки миллати тоҷик «дар тӯли асрҳо форсии дарӣ – ин зодаи табъу завқи аҷдоди худро дар зодгоҳаш ба намо ва софию покӣ бидошт…, тоҷикони Осиёи Миёна… забону асолати худро чунон ҳифз намуданд, ки табиъияти аввалаи он осеб надид. Тоҷикони мо ҳазор сол асолатбонӣ карданд ва ин худ як қаҳрамонии таърихист».

пешина
аз 202
навбатӣ