Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ин корро ӯ шурӯъ кард аз васфи модар-оғозбахши зиндагӣ. То устод Лоиқ бисёр шоирони гузаштаи мо, шоирони қарни 20-и Эрон (Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор), рус (Блок, С.Есенин, М.Светаева, А.Ахматова ва дигарон) ва Шарқу Ғарб дар васфи модар шеърҳо гуфтаанд.
Маъруфтарини онҳо ашъори Эраҷ Мирзо («Гӯянд, маро чу зод модар» ва «Дод маъшуқа ба ошиқ пайғом») ва силсилаи шеърҳои С.Есенин («Нома ба модар», «Номаи модар» ва ғайра) буданд. Шеърҳои Эраҷ Мирзо мазмуну ҳадафи пандуахлоқӣ доштанд, Сергей Есенин чеҳраи модари деҳотии русро хеле воқеъбинона ва барҷаста тасвир кардааст. Агарчи дар шеъри «Ба модарам» ва дигар шеърҳои силсилаи «Модарнома»-и устод Лоиқ таъсире аз онҳо бошад ҳам (худи шоир инро эътироф кардааст), Лоиқ бори аввал дар шеъри тоҷикӣ симои воқеӣ ва ҷаҳони ботиниву сиришти модари деҳотии тоҷики кӯҳистониро тавассути ҷузъиёти хеле гӯё (кунҷи сандалӣ, ҷомадӯзӣ, хобдиданҳо, орзуҳои модар дар шеъри «Ба модарам», дарду аламҳои модари фарзандагумкарда дар шеъри «Нону насиб», симои модар дар «Муноҷот ба модар», фалсафаву ҳикматҳои ҳастии модар дар «Насиҳати модар», «Ҷавҳари ҳастӣ», «Дар қиёси гӯри мардон пештар», «Ҳаққи модарӣ», «Модарам, эй модари дунёнадида» ва ғайра) тасвир кард, муҷассамаи воқеиву ормонии модари тоҷикро офарид. Баъдан шоирони дигари тоҷик, аз Мирзо Турсунзода то ҷавоншоирон, дар васфу ситоиши модар ва офаридани чеҳраи модар аз модарномаҳои Лоиқ таъсиру баҳра бардоштанд.
Ӯ тавонист суханҳоеву таъбирҳоеро ба шеър ворид бикунад, онҳоро ба шеър табдил диҳад, ки дар дил ва вирди забони мардум буданд, аз онҳо шиорҳо тасреҳ мекарданд, то оташи эҳсоси азизтарину маҳбубтарин, олитарину муқаддастарини мавҷудот будани модар барои ҳар инсони асил дар дилу шуури ҳар хонандаву шунаванда фурӯзон бошад. Дар

пешина
аз 202
навбатӣ