Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
таъкиди мукаррари танҳоиву яктоии модар ҳам муҳаббат, ҳам меҳрубонӣ ва ҳам ҳиссиёти нозуки фарзандӣ бо гармиву нармии дили шоир ифода шуда, ба Ватан, Замин, Осмон, Хуршеду Маҳ мушобеҳ донистани Модар мақому манзалати ӯро ба сатҳи истисноӣ бармедорад:
Ту монанди Замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди Замин яктоӣ, модар…
Замину Осмон,
Хуршеду Маҳ,
Модар-Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.
Ҳар он чи беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест…
Ва дар ғазале ҳамин маъниро таъкидан хеле зебо гуфтааст:
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Ҷои дигар ин маъниро васеътар ва ба тобиши дигар ифода мекунад:
Маро, ки модари бечора Лоиқ ном бинҳодаст,
Сарам қурбони кишвар беҳ, дилам қурбони модар беҳ.
Тақрибан тамоми ашъори силсилаи Модарномаи Лоиқ ба услуби таҳкиявии тавсифӣ эҷод шуданд, ки инро хусусиёти мавзӯии шеърҳо тақозо кардаанд. Дар баробари ин Лоиқ услуби таҳкиявию тасвириро низ фаровон истифода бурдааст ва дар чунин шеърҳо санъатҳои бадеии ташбеҳу истиора бештар корбаст гардидаанд, ки намунаашро дар чанд байт аз ғазале ба хубӣ мебинем:
Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам,
Дар рӯи ҷаҳон будам, худ балки ҷаҳон будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё