Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хулосаи андешаҳои шоир чунин аст, ки
агарчи халқи тоҷик дар тӯли асрҳо зулму ситами аҷнабиёни
забткорро кашидааст, агарчи мудом бар болои сари ин халқ
як мушт ё қамчини таҳдидкори бегонае будааст, вале оташи
рӯҳи муборизи халқ хомӯш нашудааст, халқ аз пирӯзии
ояндаи худ умед накандааст ва шӯълаи ин умедро пайваста
дар дил парваридааст. Маҳз ҳамин шуъла

Омӯхт ба мардум ҳунари шуълавариро,
Бо хасм ситезидану пирӯзгариро…

Воқеаҳои солҳои 90-и асри гузашта устод Лоиқро ба деги ҷӯшони изтироб андохт, гӯё кӯҳи гарони ғам ба рӯи шонаҳояш фуруд омад ва ӯ худро танҳову лоилоҷ эҳсос карду бо аламу дарди ҷонкоҳ хитоб намуд:

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ неру сафи аъдо шиканам?..
Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сӯхт,
Ҳам на з-он аст, ки шуд сӯхта боғу чаманам…
Гирям аз он, ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о Ватанам, о Ватанам, о Ватанам!

Дар он айём ҳар касе Лоиқро бо чеҳраи ахмиву гирифта, қомати хамида ва вазъи ошуфта медид, ба осонӣ дарк мекард, ки ӯ воқеан бори фоҷеаи миллат ва Ватанро бар дӯш гирифтааст, ки дили дардмандаш хитоб мекард:

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон, Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст.

Ва ӯ орзуи пураламашро бо сӯзу гудоз чунин баён карда буд:
Дар ғами номуси миллат Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

пешина
аз 202
навбатӣ