Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз фурӯғи рӯзи миллат,
Бемуҳобо, хонаи душман бисӯзад…
Устод Лоиқ на танҳо бузургиву азиз будани Ватанро меситуд, зебоиҳои Ватанро васф мекард, меҳру муҳаббати худро нисбат ба Ватан тараннум менамуд, балки дар ҳар шеъри ватандӯстонааш соҳибватан будани хешро таъкид мекард, ки ин ҳиссиёт сатҳи олии эҳсосоти ватандӯстиву ватанпарастист. Биноан, вақте ки ӯ «Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам», «Ин харобазамин диёри ман аст», «Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон, Ватан аст», «Ҳазорон шукр кардам, ки Ватан дорам, ватандорам», «Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад»… мегӯяд, тавъам будани худро бо Ватан гаштаву баргашта таъкид менамояд ва изҳор медорад, ки «Аз муҳаббат, аз садоқат бар Ватан Тӯшаи роҳи сафар бардоштем». Воқеан, чунон ки аз ашъори солҳои охири умраш бармеояд, Лоиқ зиндагиро бо меҳри Ватан ва дарди Ватан падруд гуфт.
Ниҳоят, вақте ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, хурсандиву шодмонии устод Лоиқ ҳадду канор надошт ва ӯ аввалин ғазали истиқболро аз ин воқеаи барои миллати мо таърихӣ гуфту дар ҳамоиши майдони назди Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ қироат кард:
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад…
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
Гулфишони баҳори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Яке аз дастовардҳои бузурги устод Лоиқ барои адабиёти муосири тоҷик дар сатҳу сифати нав эҳё кардани шаклу жанрҳои классикӣ дар шеъри навини мост. Албатта, ғазалу рубоиву дубайтӣ то Лоиқ низ дар эҷодиёти шоирони даврони шӯравии тоҷик роиҷ буданд ва шоирони бузургамон кӯшидаанд, ки ба онҳо мавзӯъ ва тобишҳои мазмунии нав ворид бикунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё