Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, устод Лоҳутӣ ғазалро бо мавзӯъҳои инқилобиву сиёсӣ ғанӣ гардонид, устод Турсунзода, ки замоне алайҳи корбасти ғазал дар даврони нав садо баланд карда буд, дар авохири умр дар мавзӯъҳои анъанавии ин жанр ғазалҳои хубу марғуб навишт. Устод Лоиқ ҳадду ҳудуди доираи мавзӯъҳои ғазалро куллан аз байн бардошта, дар мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ошиқонаву маишӣ, ҳасбиҳоливу рӯзмарра ғазалҳои баландпоя гуфт.
Маҳз ба шарофати ғазалиёти Лоиқ ин жанр дар сатҳу сифати дигар эҳё гардида, дар эҷодиёти шоирони охири қарни 20-ум ба маъмултарин шакли шеърӣ табдил ёфт. Лоиқ бо ғазалиёти худ, хусусан бо ғазалҳои китоби «Фарёди бефарёдрас», ба таври равшану возеҳ ва қотеъона исбот намуд, ки дар замони мо низ дар тамоми мавзӯъҳо метавон ғазали ноб гуфт ва барои ин танҳо ҳунари асили шоирӣ лозим аст.
На танҳо ғазал, инчунин жанрҳои рубоиву дубайтиро низ Лоиқ умри дубора ато кард ва онҳо имрӯз дар эҷодиёти аксари шоирони мо маъмул гардиданд. Маҳз зери таъсири «Ҷоми Хайём» ва «Резаборон»-и устод Лоиқ ҳамнаслони ӯ ва ҷавоншоирони охири асри 20-ум ба рубоиву дубайтӣ бо ҷиддият рӯ оварданд. Лоиқ бо эҷодиёти худ ба субут расонд, ки агар ҳунари шоирӣ ҳаст, дар кадом шаклу жанре бошад, метавон сухани ноб гуфт ва жанрҳои анъанавии адабиёти мо ҳамеша қобили истифода ҳастанд.
Мероси устод Лоиқ беандоза фарогир аст ва тақрибан тамоми ҷиҳатҳо, лаҳзаҳо, пастиву баландиҳо, печутобу динамикаи зиндагии ҷомеа ва дар алоҳидагӣ ҳар фарди ин ҷомеаро дар бар кардааст. Ғаму шодӣ, ҳаяҷону изтироб, дарду алам, марому орзӯ, омолу ормони мову шумо аз гаҳвораву пистони модар то гӯру лаҳад дар ашъори Лоиқ акс андохтаанд. Дар рӯзҳои шодмонӣ, дар ҷашнҳои арӯсӣ, дар маҳфилу маҷлисҳои дӯстона Лоиқ бо шеъраш ҳамнишину ҳамсоғару ҳамсуҳбати мову шумост, дар лаҳзаҳои ғаму мотам, дилшикастагиву лоилоҷӣ ашъори ӯ бароямон тасаллибахшу умедзост.

пешина
аз 202
навбатӣ