Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устод Лоиқ шахси сарбаланд, ростқавлу росткор, якрӯву якмаром буд. Дар шеъри шоире як байти хуб, як таъбири зебо ва як бозёфти шоиронаро медид, чунон хурсанд мешуд, ки гӯё ба худи ӯ бозёфте муяссар шуда бошад. Аз ҷониби дигар, ба сабаби ҳамин ростқавлӣ ва ғурури зебандаи шоирона ҳаваскорони беҳунар ва шоиртарошони бесамарро рӯирост ва сахт мазаммат мекард. Биноан дар замони зиндагияш ва баъди фавташ низ бадбинону ҳасудонаш кам набуданд. Ӯ инро хуб медонист ва дар шеърҳояш ба ҳамаи онҳо ҷавоб низ гуфтааст, мисли:

Чашмаи хушкидаӣ, миннат ба дарё мекунӣ,
Мурдарегӣ, сарзаниш бар кони тилло мекунӣ.
Қуллапаймоям, ту поин мекашӣ бар пои кӯҳ,
Пузи худро аз ману аз чарх боло мекунӣ…

Ғурури шоирӣ ва инсонии устод Лоиқ ҳамеша дар ҳудуди ахлоқу одоб ва адлу инсоф сурат мегирифт. Адибон дар ёд доранд, вақте ки охири марти соли 1991 дар рафти Анҷумани Х нависандагони Тоҷикистон сухан аз шоистагии устод Лоиқ ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон рафт, ӯ аз ҷой баланд шуду изҳор намуд, ки шоирони калонсолтару шоистатаре ба ин унвон ҳастанд, мисли Убайд Раҷаб, Ашӯр Сафар ва Қутбӣ Киром, ки хизматашон ҳам барои адабиёт арзанда аст ва ман ин унвонро танҳо баъд аз онҳо метавонам бигирам. Ҳамин тавр ҳам шуд, баъди чанд муддат ҳар се нафари номбурда соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуданд. Вақте ки моҳи майи соли 1991 дар Кохи Борбад ҷашни пуршукӯҳи 50-солагии устод Лоиқ баргузор мешуду котиби якуми КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов барои супурдани дафтарча ва нишони унвони Шоири халқии Тоҷикистон ба устод Лоиқ ба саҳна баромад, ӯ бо оҳанги нимшӯхиву нимҷиддӣ аз баландгӯяк гуфт, ки ин унвонро ба ман халқ бояд диҳад. Қаҳҳор Маҳкамов низ дасту по нахурду фавран ҷавоб дод, ки ӯ ҳам ин корро бо супориш ва аз номи халқ анҷом медиҳад. Лоиқ як китфхандаи баланд карду гуфт, ки ин тавр бошад, ман розиям.

пешина
аз 202
навбатӣ