Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан Лоиқ халқдӯсту халқпарасти воқеӣ буд ва халқият ба тамоми маънӣ саропои ашъори ӯро фаро гирифтааст, ки мегӯяд:

Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман,
Халқи ман, эй асли нангу номи ман,
Бахти сабзу рӯи сурху чашми сер,
Обрӯю иззату икроми ман.

Устод зоҳирпарастӣ, такаббур ва беадолатиро дар ҳеҷ шаклу ба ҳеҷ маврид қабул надошт. Худпарасту мутакаббиреро бубинад, пӯстинро чаппа мепӯшид, дуруштӣ мекарду дурушт мегуфт, мисли:

Зи ту болотар, эй болонишин, болонишине ҳаст,
Туро гар чини абрӯе, маро чини ҷабине ҳаст.
Туро гар оташи хашму ғазаб ҳар лаҳза даргирад,
Маро аз кӯраи айём шеъри оташине ҳаст…
Баландии ту то минбар, валекин ғофилӣ аз он,
Ки шеъру шоири болотар аз чархи барине ҳаст.

Лоиқ шоири асилу неруманде буд, ки дар олами шеър тавонист ҷаҳони худро бисозад, ӯ тамоми будушудашро дар ашъораш зарра-зарра инъикос намуд ва хонандаи даррок шахси ӯро аз шеъраш мешиносад, чунон ки худ гуфтааст:

Асли ман шеъру ғазалҳои мананд,
На ҳамин шӯру мағалҳои мананд...
Дар ҷаҳон бо ҷумла бурду бохтам
Ман ҷаҳони хешро ҳам сохтам.

Итминон дорем, ки ин ҷаҳони рангин ҳамешабаҳору гулфишон мемонад.
соли 2011

пешина
аз 202
навбатӣ