Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй ки дар марги ғурури як Ватан мастона мерақсед, Дардҳои Тоҷикистонро барои ман гузоред, Дар сари гӯри ҳақирам модари дигар намехоҳам!
(«Рӯзи маҳшар», 1996)

Дар айни замон қисме аз ашъори он солҳои Гулрухсорро оҳанги яъсу таассуф аз вазъи Ватан, ҳолати ошуфтагӣ аз лоилоҷӣ ва лаҳни лобаву ниёиш ба хотири оромии кишвар ва осудагии мардуми он фаро гирифтааст. Суолу хитобаҳои шоир ба Ватан моломол аз дарду умедворист, мисли:
«Тоҷикистон, … кай ба асли беназири хеш баргардӣ, Кай барои бенасибони гули рӯят гулшани дидор оройӣ?!... То ба кай дар оташи дардодаи фарзандҳои носазоворат яккаву танҳо бисӯзӣ?!» («Лангари андӯҳ», 1996). Ва ҳамон вақт ӯ барои худ ва дигарон нидо карда буд, ки «Ватан ишқ асту армон аст, Ватан дард асту дармон аст…» («Таманно», 1996).
Гулрухсор солҳои 1992-97 дар муҳоҷират ба сар бурд ва бисёр шеърҳои он замон сурудаи ӯ, ба истилоҳ, шеъри ҳолат аст, ки вазъи гуногуни рӯҳониву равонии гӯяндаро намудор мекунанд. Аксари ин гуна шеърҳо аз баёни ҳолати мушаххаси шахси шоир фаротар рафта, ғолибан ба мафҳумҳои фард ва ҷомеа, ҳастиву одам, нуру зулмат дакка мехӯрад ва дар натиҷа мавзӯи шеър аз доираи ҳасби ҳол убур карда, то дарку арзёбии вазъи ҷомеа вусъат меёбад. Масалан, дар шеъри «Бехобӣ» (1996) шоир гӯё аввал аз ранҷи бехобӣ менолад, вале баъдан дар шеър нишонаҳои муҳити иҷтимоӣ тасаллут пайдо мекунанд:
Дар гулӯям панҷаи ларзони бехобӣ, Чанги танҳоӣ ба домонам, Аз барои дидани гулзори дидоре То дари ҳамсоя хоҳам раҳ кушудан, лек натвонам.

пешина
аз 202
навбатӣ