Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо сари сабзу забони сурхи худ
Духтари исёнпарасти миллатам:
Дарди ман бо тоҷикӣ гирён шавад,
Шодиям бо тоҷикӣ хандон шавад.
Эй Ватан, марзи садоқаткиштаам!
Эй Ватан, «Шаҳнома»-и нанвиштаам!
(«Ватандор»)

Шеъри Гулрухсор зодаи туғёни амвоҷи эҳсосоти баланду самимист, чунин эҳсосотест, ки аз дил ҳамвору якнавохт бурун намерезад, пастиву баландиҳо дорад, гоҳ дилҳоро ба ҷӯш меовараду гоҳи дигар алами касро бармеангезад, якеро илҳому сурур, дигареро ҳузну андӯҳ мебахшад. Барҷастатарин сифати шеъри Гулрухсор самимият аст. Қаҳрамони ғаноии шеъри ӯ, ба истилоҳ, максималист аст, ё аз дилу ҷон дӯст медорад ва дар роҳи ишқу вафо омодаи аз худ гузаштан аст, ё бо тамоми вуҷуд бад мебинад ва дар роҳи маҳкум намудани касе ё падидае оташи ғазабу хашмаш хомӯшинопазир аст, ё комилан дил мебандад ва ё батамом дил меканаду рад мекунад:

Пушт гардонам ба сӯи қиблаат,
Бас ба дини ман ту шак овардаӣ,
Ман туро гум карда, панд омӯхтам –
Ту маро не,
Оламе гум кардаӣ!

Дар лирикаи граждании Гулрухсор дар даврони истиқлол, хусусан дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992- 97, оҳанги ватандӯстӣ даҳчанд қувват гирифт. Шоир моҳияти аслии ин ҷанги таҳмилиро фош карда, аз таҳмилгарони он илтиҷо менамояд, ки Тоҷикистонро ақаллан бо сангҳову дардҳояш ором гузоранд, то мардуми аламзадаи ин кишвар соҳиби тақдири худ бошанд:

Ҳон, дуздони ҳақири хоки тоҷик, ҳон…
Сангҳои Тоҷикистонро барои ман гузоред,
зар намехоҳам!

пешина
аз 202
навбатӣ