Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ин нуктаро дар мисраъҳое, ки аз забони Робиа чун номае ба номи фардо иншод шудаанд, метавон ба таври возеҳ дид:
Халқи ман,
Сантури беовози ман,
Нанги ман,
Номуси кайҳонбӯси ман,
Рӯҳи ман,
Парвардгори холиқам,
Байти нангу ори ту – қомуси ман…
Халқи соҳибтоҷи ман,
Тоҷат куҷост,
То ба қасди тоҷирон бар сар кунам?
Беҳ бувад бе қибла мурдан
З-он ки ман
Саҷда сӯи маъбади дигар кунам.
«Рӯҳи урён» достони аз лиҳози мавзӯъ таърихӣ, мазмунан фалсафиву гражданӣ ва услубан ғиноист, ки масъалаҳои шараф ва озодии шахс, хусусан зан, посдории арзиши инсон, забон, миллат дар он бар маводи таърихи дур асос ёфта бошанд ҳам, моҳиятан имрӯз низ хеле муҳимманд.
Дар достони «Сипар»-и Гулрухсор қувваи созандаи некӣ дар симои Индира Гандӣ низ мазмуни иҷтимоиву сиёсӣ ва моҳияти рӯзмарра касб намуда, чун таҷассуми қувваҳои пешрав, сулҳ ва адолати иҷтимоӣ ба ҷилва омадааст.
Чи дар достонҳо ва чи дар дубайтиву рубоиву шеърҳои Гулрухсор услуби лиризми эҳсосписанд мавқеи асосӣ дорад, тамоми ашъораш аз чашмаи сарватҳои эҷодиёти даҳонии халқ об мехӯрад. Маҳсули омӯзиши эҷодиёти шифоҳии мардум китоби «Фолклори Қаротегин» буд, ки Гулрухсор онро соли 1984 ба табъ расонид.
Гулрухсор барои бачаҳо низ шеъру достонҳо офаридааст, ҳамчунин дар наср низ қувва озмуда, романи «Занони Сабзбаҳор» (1988)-ро ба табъ расонид, ки дар он лаҳзаҳои мудҳиши замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва бори сангине, ки бар дӯши занону духтарон дар ақибгоҳ афтода буд, тасвир шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё