Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳадафи асосии Гулрухсор дар ин роман тасвири хислатҳои далерӣ, сабурӣ, садоқат, дурандешӣ ва порсоии зани тоҷик буд.
Бузургтарин асари мансури Гулрухсор романи «Сакарот»
аст, ки дар тӯли тақрибан 20 сол эҷод шуда, с. 2009 аз чоп баромад. Дар роман услубҳои тасвирии фоҷиаву мазҳака ба ҳам даромехта, драматизми ҷараёни сужаро таъмин намудааст. Лаҳзаҳову манзараҳои хос ба замони суқут ва фасод, фисқу фуҷури ба ҳукми қонуну қоидаи зиндагӣ даромада дар табиату тинати роҳбарияти олии ҷомеа, ҷараёну хусусиятҳои ба рама табдил ёфтани мардум хатҳои асосии фабулаи романро ташкил медиҳанд. Шахсиятҳо ва воқеаҳои тасвиршуда замону макони дақиқу муайян ва мушаххас надоранд. Эҳтимолияти зуҳури чунин шахсон ва сурат гирифтани чунин воқеаҳо дар ҳар замону ҳар макон имконпазир аст. Ин нуктаро метавон хулосаи ғоявии романи «Сакарот» донист.
Шеърҳои Гулрухсор ба забони русӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва дар шакли маҷмӯаҳои ҷудогона («Фиалка», 1971; «Песня родника», 1973; «Радужный цветок», 1978; «Зеленая колыбель», 1981; «Навруз», 1982; «Откровение в полден», 1983; «Куропатка в гостях», 1983; «За солнцем вслед», 1984; «Зеркало дня», 1984; «Ради тебя», 1984) нашр шудаанд. Китоби шеърҳои ба забони русӣ навиштааш таҳти унвони «Солнце без Монэ» ба табъ расидааст. Ӯ инчунин муаллифи песаҳои «Ғори аҷинаҳо», «Зилзила», «Ба мо бовар кунед!», «Озода» ва ғ. аст.
Таронаҳои Гулрухсор дар китоби «Рӯзномаи берӯз»
(2000) гирд омадаанд, ки як падидаи ҷолиб дар адабиёти имрӯзаи тоҷиканд.
Гулрухсор осори адибони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва хориҷаи дурро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст: «Ишқи зиндагӣ»-и О. Берголтс (1977), песаҳои Г. Лорка, М. Байҷиев, ашъори М.Ю.

пешина
аз 202
навбатӣ