Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лермонтов, Леся Украинка, Римма Казакова, Файз Аҳмади Файз, Й. Милев, С. Капутикян ва ғ. аз ҳамин ҷумлаанд. Аз соли 1971 узви ИН Тоҷикистон аст. Аз с. 1990 то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС буд. Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ (1978). Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок». Ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин қадр шудааст. Гулрухсор барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003), Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммети Амрико (1994) ва дорандаи унвони Шоири халқии Тоҷикистон (1999) аст.
соли 2014 «МАН АЗ ШОМИ ҶАҲОЛАТ ДАР ҲАРОСАМ»

Гулназар аз шоирони номдори имрӯзаи тоҷик аст. 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1961-1966 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуд.
Фаъолияти меҳнатии Гулназар соли 1966 ба сифати рӯзноманигор оғоз шуд. Солҳои 1966-73 ходими адабӣ, мудири шуъба, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» буд. Аз соли 1973 то 1975 мудири шуъбаи нақд ва адабиётшиносӣ, солҳои 1977-91 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» буд. Дар ин миён солҳои 1975-77 дар Афғонистон бо мутахассисони шӯравӣ ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Солҳои 1991-1999 сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 1999-2003 муҳаррири ҳафтаномаи «Ваҳдат» ва маҷаллаи «Пайванд», 2005-2010 вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ буд, аз соли 2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии ҶТ ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат ва меъморист.
Аввалин намунаҳои ашъори Гулназар дар матбуоти ҷумҳурӣ соли 1963 ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи шеърҳояш «Расми сарбозӣ» соли 1969 нашр шуд. Баъдан бештар аз чиҳил маҷмӯаи ашъораш дар нашриётҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ба табъ расидаанд, ки «Дастархон»
(1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Пайи дарё» (1986), «Фариштаи бомдод»
(2000), «Шӯълаи барқади сӯзони малоҳат» (2002), «Фасли оғоз» (2005), «Оинаи ташна» (2005), «Тулӯи бедорӣ» (2009), «Туву хубиву раъноӣ» (2010), «Оғӯши саршор» (2011) ва ғ.
аз он ҷумлаанд.
Роҳи эҷодии Гулназарро метавон ба ду марҳала тақсим кард, зеро онҳо аз ҳамдигар хеле тафовут доранд.
Дар эҷодиёти даврони шӯравии Гулназар лирикаи гражданӣ ва мавзӯъҳои иҷтимоӣ мақоми хос доштанд. Шеърҳои ватандӯстона («Ватан», «Садои ҷовидона» ва ғ.) ва ба мавзӯи сулҳу дӯстии халқҳо («Дар боғи дӯсткорӣ нахли ту бехазон аст», «Шеъри ман», «Дар сари Майдони Сурх» ва ғ.) бахшидаи Гулназар дорои оҳанги баланди гражданӣ мебошанд ва аз ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ ва инсондӯстиву некбинӣ нисбат ба ояндаи инсоният саршоранд.

пешина
аз 202
навбатӣ