Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гулназар аз ибтидои эҷодиёташ ба мавзӯи Ватан, тарғибу ташвиқи ҳиссиёти ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хоса дошт, пайванди ногусастании қаҳрамони лирикии шеърро бо Ватан пайваста таъкид мекард:

Дардҳои ҷонгудозу бедавои мо – Ватан,
Захмҳои кории мо, нолаҳои мо – Ватан,
Оре, оре, ибтидову интиҳои мо – Ватан.

Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки Гулназар дар лаҳзаҳои барои Ватан фаҷеътарин – маҳз аз ибтидои солҳои 90-и қарни гузашта ба баъд симои воқеан муфрад ва хоси худро дар шеър ба зуҳур овард. Муҳити иҷтимоиву сиёсии тамоман нав, маносибатҳои ғайриодии ҷамъиятӣ назари шоирро ба муҳит, ба ҷомеа ва инсон, инчунин ба адабиёт ва кори адабӣ тағйир дод. Аз ҳамон замон, гуфтан мумкин аст, марҳалаи нави эҷодиёти Гулназар оғоз шуд.
Воқеаҳои ибтидои солҳои 90 дар ҷумҳурӣ Гулназарро гӯё ба деги ҷӯшони имтиҳон барои дарёфти асолати мақому манзилат ва рисолати адабиёт дар ҷомеа андохтанду пухтанд. Хусусан аз шеърҳое, ки дар айёми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гуфта шудаанд, эҳсос мешавад, ки дили шоир баробари сӯхтани қитъаҳои гуногуни кишвар месӯхт, баробари кушта шудани ҳар фарзанди номдори халқ мемурду ба умеди бақои миллат ва Ватан аз нав эҳё мешуд. Аксари он шеърҳо дар китобҳои «Ҳар мисраъи шеър Тоҷикистони ман аст», «Фариштаи бомдод», «Шуълаи барқади сӯзони малоҳат», «Ойинаи ташна» ба табъ расида, дар маҷмӯаи «Фасли оғоз» сара карда шудаанд. Аз миёни он шеърҳо ниёишҳои Гулназар («Эй об!», «Афсонаи «як замон», «Тулӯъи қулла», «Ниёиш», «Нигоҳам шарм медорад», «Субҳ бо лаҳҷаи тифлона биёяд ба дарам нонталабӣ», «Баҳорро хабар кунед», «Ҳаст халқе, ки агар нонаш нест» ва ғ.) рӯҳияи шоир ва аксари мардуми ҷумҳурӣ, авзои замонаро хеле воқеъбинона ва муассир ифодаву тасвир намудаанд:

пешина
аз 202
навбатӣ