Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин саҳар дар шохаҳо овози мурғони саҳар ях бастааст, Хандаҳои зарҳалии офтоб Дар лабаш бишкастааст…
Эй нафас, к-аз гармсери сина меоӣ пушаймон, Ту гусастӣ? Ё рамидӣ? Дар куҷоӣ?
Дар билоде, ки замину осмонашро ҳавои меҳрубонӣ нест, Илтиҷо дорам Худоро, к-аз забони ман Дур н-андозад даме номи баҳории туро, эй дӯст, Ях набандад то лабони ман!..

Аз он ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ афроди зиёд аз ҳамватанон бидуни ҳеҷ гуноҳ ва ё дар натиҷаи гумроҳӣ кушта мешуданд, шаҳрҳову деҳаҳо валангору хароб мегардиданд, аксари мардум ба як луқмаи нон муҳтоҷ буданд, Гулназар пайваста азоби рӯҳӣ мекашиду аламашро аз қалам мегирифт, дар ин мавзӯъҳо шеър мегуфту шеър мегуфт…
Таскини дили шоири ҳассос ин буд, ки агар имони мардум саломат бошад, ин рӯзҳои шум мегузаранду айёми нек фаро мерасад. Биноан, дар бисёр шеърҳои ӯ талқини умедворӣ ба рӯзҳои нек ва солимии рӯҳу имони халқ мавзӯи марказист.
Ӯ бо бовари том мегуфт:

Ҳаст халқе, ки агар нонаш нест, Имони сазовораш ҳаст, Дар тиҳигоҳи кафаш обилаҳост – Донаи гавҳари шаҳвораш ҳаст…
Рӯи дасте, ки дароз асту сахо меҷӯяд, Ман баландои Бадахшон ниҳаму фарри бадахшониро, Ман таманнои Зарафшон ниҳаму рози зарафшониро, Вусъати қудсии раштониро, Рӯҳи н-олудаи хатлониро, Ки дар ин хоки гирифтор харидораш ҳаст!..
Ва ҳамон дасти дарозе, ки сахо меҷӯяд, Шабу рӯз аст ба набзи тани бемори Ватан.

пешина
аз 202
навбатӣ