Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Оре, оре, дили бедораш ҳаст,
Ба ҳама кори Ватан кораш ҳаст.
Маҳз аз он солҳо Гулназар дар баробари ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммати мураббаъ ба гуфтани шеъри озод бештар руҷӯъ кард, ҳарчанд қаблан низ, ба истилоҳ, «хусравониҳо» менавишт. Дар шеърҳои озоди ӯ маънову ҳадаф равшану возеҳ ифода ёфтаанд, таъбирҳо пурборанд, иртиботу таносуби вожаҳо мустаҳкаманд. Муҳимтарин хусусияти шаклии шеърҳои озоди Гулназар ин аст, ки онҳо орӣ аз вазн набуда, бар истифодаи озодонаи арӯз асос ёфтаанд ва маҳз истифодаи эҷодкоронаи арӯзи озод навову оҳанги мавзуни ин гуна шеърҳоро таъмин кардааст:
Дар сари раҳ Бар тиҳигоҳи кафи дасти гадо Оби борон мечакид, Аз сари мижгони ман бо ашки хунин Тоҷикистон мечакид.
Гулназар аслан шоири ғазалсаро ва табиатан суханвари ғиноист. Ин ҷо манзур на шаклу қолаби шеър, балки муҳтаво ва дарунмояи он аст. Худи шоир дар яке аз ғазалҳояш иқрор кардааст, ки «Табъи ғазалпаймои ман бо шеъри озодам насохт». Ғазалҳои Гулназар бештар мавзӯъҳои ошиқона доранд, як қисми онҳо ба тасвиру ибрози ҳолати рӯҳиву равонии шахси шоир ва ифодаи афкори иҷтимоии ӯ алоқаманд аст. Дар ҳар сурат ғазал яке аз жанрҳои маъмули эҷодиёти Гулназар аст ва аксаран хеле равону хушоҳанг офарида мешавад, ки ин чанд байт чун намуна манзур мегардад:
Ташнагиям ҳаваси ҷоми лаболаб дорад,
Ҷуръае, баҳри Худо, к-ин таби ман таб дорад…
Умрҳо дар талаби фасли висоланд ҳама,
Дили ман низ дар ин ғамкада «Ё раб!» дорад.
Шоиро, ноз макун бо сухани лабҳоят,
Пайи изҳори ғамаш ҳар сухане лаб дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё