Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Тоҷикистони ман агарки набуд,
Ғами худро чӣ ном медодам?
Рӯҳи мардонаи мардони Ватанро накушед,
Гар замини ману ту ларза кунад,
Кӣ нигаҳ хоҳад дошт?
Гулназар барои хурдсолон низ шеъру манзумаҳои ҷолиб эҷод кардааст, ки дар маҷмӯаҳои «Аз барои Гулизор»
(1983), «Девори сабз» (2002), «Борони бесаранҷом» (2004), «Гунҷишки наққош» (2007), «Дарёи кӯча» (2010), «Модари ман – мураббӣ» (2013) ва ғ. гирд омадаанд. Ҳикояҳои мансури бачагонаи Гулназар дар китобҳои «Заррофа чӣ мегӯяд?»
(2003) ва «Калоба» (2012) ҷамъоварӣ шудаанд.
Гулназар дар драматургия низ қувва озмудааст. Асарҳои саҳнавии «Муҳокима дар шаҳри Ҳазору як шаб», «Мансури Ҳаллоҷ», «Муҳаммад Ғаззолӣ» маҳсули фаъолияти ӯ дар ин соҳаанд. Гулназар инчунин муаллифи филмномаҳои «Дар орзуи падар», «Нишони зиндагӣ», «Марги бегуноҳ» (аз рӯи романҳои ҳамноми К.Мирзо), «Баҳори як кӯча», «Сенздаҳ солу се моҳ», «Бачаҳои таҳхонагӣ» ва филмномаи мустанади «Дуои сари роҳ» аст.
Рисолаҳои тадқиқотии Гулназар «Лоиқе чун Лоиқе»
(2000), «Қутбии қутби сухан» (2007) ва мақолаҳояш оид ба шахсияту осори М.Миршакар, М.Қаноат, У.Раҷаб, С.Маъмур, Р.Назрӣ ва дигар шоирони муосир дар шинохту арзёбии ҳунари эҷодии онҳо нақши равшан доранд.
Намунаҳои тарҷумаи осори Гулназар дар китобҳои «Звезда Улугбека» (М., Совпис, 1981) ва «Безымянный родник» (М. Совпис, 1986) ба забони русӣ, «Фи-ал-назар» (Кувайт, 2005) ба забони арабӣ, инчунин гулчини ашъораш дар Эрон ба хатти форсӣ таҳти унвони «Забони ошиқӣ»
(Теҳрон: Суруш, 1999) ба табъ расидаанд. Худи Гулназар аз осори адибони рус (М.Лермонтов, А.Фет, Н.Гумилёв, М.Светаева, Р.Рождественский ва ғ.), араб (Абдулазиз-ал- Мақолеҳ, Низор Қаббонӣ, Суод-ас-Сабоҳ), ҳинд (А.Б.Ваҷпайи), чин (Ли Чжаосин), фаронса (Экзюпери ва дигарон), озарбойҷонӣ (Э.Охундова) ба забони тоҷикӣ тарҷумаҳо кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё