Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Гулназар барои кӯдакон «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румиро дар 20 ҷилд ва қиссаву ривоятҳои «Хамса»-и Низомӣ, осори Саноӣ, Аттор, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Бедил ва дигар классиконро дар 56 ҷилд дар қолаби насри бадеии равон бозгӯ карда, тавассути нашриёти «Адиб» ба табъ расонидааст.
Гулназар Шоири халқии Тоҷикистон (1994), барандаи Ҷоизаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1985), Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода (1991), Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1994), орденҳои Дӯстӣ (1993), Исмоили Сомонӣ – дараҷаи III (2006), Дарахти дӯстӣ (Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, 2007) ва медалҳост. Муаллифи матни Суруди миллии ҶТ (1994) ва Суруди Анҷумани тоҷикони ҷаҳон (1996) мебошад. Аз с. 1973 узви ИН Тоҷикистон аст.
соли 2014
ДАР ҶОДАИ ШЕЪРИ БОНИЗОМ
1 Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти имрӯзаамон Саидалӣ Маъмур 70-сола шуд ва беш аз 50 соли роҳи пур аз шебу фарози зиндагиро дар майдони шеър паймуд. Банда низ ӯро беш аз 50 сол мешиносам, шеърҳояшро мехонам, ба шахсияти инсониву адабиаш арҷ мегузорам.
Вақте ки соли 1963 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам, Саидалӣ донишҷӯи соли сеюм ва яке аз аъзои фаъоли маҳфили адибони ҷавони донишгоҳ буд. Шеърҳояш зуд-зуд дар рӯзномаи девории факултаву рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и донишгоҳ ва гоҳ-гоҳ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ чоп мешуданд. Маҳфили адибони ҷавони донишгоҳ шӯру шарар ва сару садое дошт. Дар саҳифаи дафтари хотироти ҷавонӣ аз Кулоливу Гулназар, Гулрухсору Саидалӣ, Ҷамолиддин Каримзодаву Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигар навқаламони он солҳо байту пораҳое нақш бастаанд. Масалан, як ғазали Гулрухсорро дар рӯзномаи девории факулта хонда будаму он ғазалро дигар дар ягон маҷмуаи ӯ вонахурдам, ки байти матлааш ин буд:
Марав, ҷонам, зи пеши ман, ки дил болои каф дорам,
Ба қасди ҷони наврӯзам хазони нохалаф дорам…
Аз ашъори он солҳои Саидалӣ мисраъҳои зайл ба ёдам мондаанд, ки акнун дар китоби «Давлати дидор»-и ӯ (2014) зери унвони «Дили ман» омадааст:
Қадам оҳиста неҳ, дилбар,
Ки дил дар дасти худ дорӣ.
Ба роҳат нур мепошад,
Агар онро наёзорӣ.
Чӣ сон охир наболам ман,
Ки дил дар ихтиёрат шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё