Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Агар шабҳо ту хобидӣ,
Нахуфту посдорат шуд…
Албатта, ин сатрҳо имрӯз ба назар хеле содаву одӣ менамоянд, вале он солҳо барои ҷавонони навраси ошиқ барои ифодаи ҳолат ва баёни рози дил айни муддао буданд. Аз ҳамон солҳои ҷавониву навқаламӣ Саидалӣ Маъмур муроду мароми худро дар ҷодаи шеър равшан муайян карду эълом дошт, ки:
Мурод аз шеъргӯӣ худшиносист, Мурод аз шеъргӯӣ худфурӯзист.
Мурод аз шеъргӯӣ дилшиносист, Мурод аз шоирӣ умри абад нест…
Ва аз ҳамон айёми ҷавонӣ ӯ барои шинохти мардуму шиносонидани худ, барои омӯхтану сохтани зиндагӣ пайваста мекӯшид. Биноан дар бисёр шеърҳои давраи ҷавонии шоир сатрҳоеро мебинем, ки ифодагари орзуву ҳавас, марому мақсад ва нақшаву ниятҳои ӯстанд. Масалан, ҳангоме ки ӯ Ватанро меситояду муҳаббати худро изҳор менамояд, шеъраш бо савганд меанҷомад:
…Кишвари маҳбуб, бар ҷонам қасам,
Соате гар дур аз наздат равам,
Ё туро ҳамроҳ дар дил мебарам,
Ё ки умре дар ҳавоят мепарам.
Низ вақте ки аз мароми зиндагии худ сухан мегӯяд, ниятҳои некашро эълом медорад, савганд ёд мекунад, ки:
Ҷаҳди ман беш асту гардад бештар,
Нагзарад як рӯзи умрам бесамар.
Халқро аз хеш розӣ мекунам,
Худ ҷавонам, бар ҷавониам қасам!
Ҳамин тариқ, Саидалӣ Маъмур ба ҷодаи шеър бо азми
қавӣ ва ҳадафу ниятҳои равшан қадам ниҳода, тарзу усули

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё