Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ё дар ҳамон шеъри «Охирин барф, охирин ишқ…», ки болотар аз ангезааш ёд овардем, бозиву ҷилваҳои зебо ва пар-пари параҳои барф ин қадар ҷолиб тасвир шуда, ки кас беихтиёр ба ҳамон ҳолату манзара хаёлан меомезад:

Биё, ба арғушти ӯ биомезем Ва дар тӯрҳои симгунаш ба даст орем кабӯтарони шодиро…
Биё, аз ин ҷалолати ҷалоовар В-аз ин ҷилваҳои ҷалӣ ҷило чинем, Биё, биё, гули барфро аз боғи Худо чинем.

Бамаврид аст таъкид бикунам, ки шеърҳои нимоии Камол Насрулло комилан шеъри нави тоҷикиянд, аз тақлидҳову истифодаи вожаву таъбирҳои дур аз зеҳни хонандаи тоҷик, мисли «бирка», «шақоиқ», «ҳаҷми сабз», «ҷиғи бунафш» ва ғайра, ориянд ва тасвириянд.

3 Дар эҷодиёти Камол Насрулло мавзӯи табиат мақоми намоён дорад. Шоир қабл аз ҳама табиатро ҳамчун муҳити зист, омил ва асосу заминаи мавҷудияту фаъолияти инсон ва муҳимтар аз ин, инсонро як ҷузъи ҷудоинопазири табиат медонад, мавҷудоту махлуқот, ашёву аҷсом, падидаву ҳодисоти табиатро зинда мепиндорад, ба онҳо роз мегӯяд, аз ҳолату вазъи онҳо гоҳ меболаду гоҳи дигар менолад.
Шукуфтани гули себ дар назари ӯ муъҷиза аст ва ин эъҷозро шоир бо чашми ҳайрат мебинад, гули зебои шукуфтаро маҳсули ишқ медонад ва ин зебоии қудрати ишқро меситояд:

Ин қадар аз мағз-мағзи ҷисму ҷонат вошукуфтӣ,
Ин қадар дар нахли ҷон озодаву зебо шукуфтӣ!

Бо чӣ эъҷозе ту ин рози муҷаллоро бурун овардаӣ,
Ин шукӯҳи осмониро чӣ гуна
Аз дарун овардаӣ?!..

пешина
аз 202
навбатӣ