Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Рӯйи чашмону лабонам гули барф¸
Рӯйи дастам, ба забонам гули барф,
Меравам ҷониби ёр,
Ҳама тан чун гулзор…
Дар паранди гули барф
Қомати ёр ҳувайдост, бубин!
Дар ҳарири гули барф
Зиндагӣ чеҳраи зебост, бубин!
Ту бубин, пири фалак то ба куҷо
Қомат афрохта дар авҷи само,
Дар кафаш дастаи ҷорӯби сафед
Аз сари роҳ сиёҳӣ рӯбад …
Ҳар лаҳза, ҳар манзара ва ҳар ҳолат дар ин шеър аз диду дарки махсус, аз ҳаяҷону ғалаёни рӯҳ гувоҳӣ медиҳад. Ва ин шеър, ки «Барф пайғоми Худо мерезад» ном дорад, бо як тасвири хеле зебо анҷом мепазирад:
Дар гусели ману ту дар раҳи ишқ
Ин сафедӣ чу сафо мерезад,
Ба сари китфи ману ту чун орд
Барф аз дасти Худо мерезад…
Тасвирҳои зебову хотирмон дар ашъори ба истилоҳ нимоии Камол Насрулло зиёданд ва ҳатто, метавон гуфт, тору пуди ин шеърҳо аз тасвиру таъбирҳои тозаву озода, маъноҳову мазмунҳои бикр ва ғалаёнҳои фикр танида шудаанд:
Лаҳзае хомӯш! Мехоҳам
Хандаи гул бишнавам,
Ё ҳарфи борон,
Чак-чаки барги сапедорон…
Аз садои гомҳо мақсуди поро бишнавам,
Дар навиди новдон нови наворо бишнавам,
Дар хамӯшии хамӯшиҳо
Худоро бишнавам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё