Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғазалҳои машҳури «Лавҳи мазор», «Бандагӣ даркор нест», «Меҳан, эй меҳан!» ва амсоли инҳо ба ҳамин равияи услубӣ мансубанд.
Дар ин гуна шеърҳо мазмуну ғояи иҷтимоӣ бо лиризми пурҳарорат омезиш ёфта, ҳиссиёти пурҳаяҷони лирикӣ чун хуни гарм ба ҷону тани ғояҳои баланди гражданӣ ва гуманистӣ ҷорӣ мегардад. Чунин пайванду омезиши публитсистика ва лирика, мазмуну мундариҷаи публитсистӣ касб кардани лирика ва аз ҳиссиёти ҳаяҷонангези ғиноӣ саршор гардидани мазмуну ғояҳои публитсистӣ ба ғазалиёти Лоҳутӣ ҳам шеърияти асил ва ҳам арзиши баланди иҷтимоиву фалсафӣ ато менамояд. Ҳар сухану таъбир ва ҳар мисраъу байти ин гуна ғазалҳо метавонад далели муътамади ин даъво бошад. Барои намуна ду байти ғазали «Бандагӣ даркор нест»-ро маҳз аз ҳамин дидгоҳ мавриди таҳлил қарор медиҳем:

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дур(р),
Осмонро гӯ: Бирав, борандагӣ даркор нест…

Мазмун ва ғояи байти якум бар он асос ёфтааст, ки шоир мафҳумҳои «зиндагӣ» ва «бандагӣ»-ро дар сатҳи мустасноӣ ба ҳам муқобил мегузорад ва шеърияти ин байт низ дар ҳамон ҳикмати гузаро, азизу арзишманд будани зиндагӣ ва нодаркор, беқадру беарзиш будани бандагӣ, ба зиндагӣ носозгор, нолоиқ ва носазовор будани бандагӣ ва онро бакуллӣ истисно намудани зиндагӣ ифода ёфтааст.
Дар байти дуюм задаи мантиқӣ бар сари ғурур ва шарафу номуси инсон аст, миннатнопазирӣ ҳатто аз осмон таъкид мешавад, сарбаландӣ ва таҳқирнопазирӣ дар ҳамаи ҳолатҳо талқин мегардад.
Ба ҳамин тариқ, андешаҳои шоир оид ба зиндагии шоистаи инсон чун узви ҷудоинопазири ҷомеа тавассути омезиши таркибии ҳиссу андеша ифода меёбад, дар ин маврид публитсистика ва лирика пайванди ногусастанӣ пайдо мекунанд ва ин ҳамбастагӣ баёни возеҳу равшани ҳадафи иҷтимоиву ахлоқии шоир ва шеърияти ҳикмати дар шеър ифодашавандаро таъмин менамояд.

пешина
аз 202
навбатӣ