Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Барои аёнияти боз ҳам равшантари пайванди публитсистика ва лирика дар ғазалиёти устод Лоҳутӣ ва хусусияти вежаи равияи публитсистикаи лирикӣ байти мақтаъи ғазали «Меҳан, эй меҳан!» метавонад ба сифати намунаи барҷаста истифода шавад:
…Ба дашти дил гиёҳе ҷуз гули рӯят намерӯяд,
Ман ин зебозаминро озмудам, меҳан, эй меҳан!
Агар, фарзан, кас надонад, ки дар ин ғазал мухотаби шоир ватан аст, бе ҳеҷ гумон тасаввур хоҳад кард, ки ин суханони хитобаомези дилнишину шӯрангез аз сӯзи ишқи дили ошиқ ҷӯш задаанд ва мухотаб маъшуқаи дилрабост. Образу таъбирҳои ин байт (дашти дил, гули рӯ) табиатан бештар на ба ашъори иҷтимоиву гражданӣ, балки ба ғазалиёти ошиқона хосанд. Устодӣ ва маҳорати камназири Абулқосим Лоҳутӣ низ дар ҳамин зоҳир шудааст, ки дар ашъори лирикӣ мазмуни баланди иҷтимоиро гунҷоиш дода ва ғояҳои олии ватандӯстиро пайваста бо самимитарин ҳиссиёти инсонӣ гуфта тавонистааст.
4 Рамзу маҷоз зотан аз мураккаботи анъанавии шеъри форсиву тоҷикӣ будааст. Дар шеъри классикон рамзу маҷоз асосан ба хотири ду мақсади эҷодӣ истифода мешудааст: 1) ба сифати воситаи тасвири бадеие, ки ҳусни шеър ва пероишу музайянии сухани шоиронаро таъмин мекунад; 2) ба мақсади пӯшида ва духура баён намудани матлаб, ки ин ҳол ғолибан бо тақозои ҳадафҳои ғоявӣ ва ниятҳои услубӣ роҳандозӣ мегардидааст. Тарзи дуюми истифодаи рамзу маҷоз, бар дӯши системаи муайяни мафҳуму таъбирҳои образбоб ниҳодани бори маъниҳои зоҳириву таҳтонӣ махсусан дар осори шоирони мутасаввиф собиқаи ғанӣ дошт (ниг.: Литература Востока в средние века.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё