Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гунҷоиш медоданд ва ифодаи ҳикмату фалсафа бештар ба тарзи андешаву баррасӣ тавассути истифодаи тазодду муқобала ва талмеҳу истиора сурат мегирифт. Аз шоирони замони нав устодони шодравон Лоҳутӣ ва баъдан Лоиқ доираи мавзӯъҳои рубоиро бо андешаҳои иҷтимоиву сиёсӣ густардатар карданд. Дар рубоиёти Давлат Сафар ҳамаи ин анъанаҳо ҷой доранд. Дар баробари ин ӯ кӯшидааст домани мавзӯъҳои рубоиро васеътар карда, бештар ба тасвир рӯй оварад ва аз ин роҳ як силсила рубоиҳои тасвирие офаридааст, ки дар навъи худ падидаи тоза аст. Дуто аз чунин рубоиҳоро ба гунаи намуна манзури хонанда мегардонем:

Дар бистари кӯҳ шаб кушояд гесӯ,
Дар панҷаи боди рав бисояд гесӯ.
Хуршед зи пушти кӯҳ раҳ мепӯяд,
То духтари шаб ҷамъ намояд гесӯ.


Хандидани тифли рӯзро субҳ кӣ дид?
Аз синаи моҳтоб шаб шир макид.
Сурхии шафақ чӣ буд дар тавлидаш?
Хуршед ба теғи нур нофаш бибурид.

Баъзе рубоиҳои Давлат Сафар аз лиҳози мазмуну оҳанг бо рубоиёти устод Лоиқ ҳамсадоӣ мекунанд, мисли:

Хомӯшии мо бонги садо мешиканад,
Ошӯби ҳама ҷавру ҷафо мешиканад.
Ин шишаи номуси маро саҳл магир,
Сад санги маломати туро мешиканад.

Давлат Сафар дар шакли мусаммати мураббаъ низ шеърҳои хуб эҷод карда, ба тозагӯиҳо муваффақ шудааст.
Шеъри «Ормон»-ро аз он ҷумла метавон ном бурд, ки дар он муҳити деҳа ва ҷузъиёти рафтору кирдорҳои кӯдаки деҳотӣ аз ҷониби нафаре, ки акнун шахси солори шаҳрнишин шудааст, бо пазмонии дилхароше ёд мешавад:

пешина
аз 202
навбатӣ