Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

…Субҳ мехезаму бар пушти дарам менигарам,
Шоядо кӯдакиям дар паси дар омадааст?
Лек метарсам аз он ҳам, ки маро нашносад,
Ё ки бигрехта аз пеши падар омадааст?

Лаззати кӯдакиву деҳаи ман буду гузашт,
Оби ҷӯ буд магар он, ки дигарбора нагашт.

Кӯдакиро дами ҳар шому саҳар мекобам,
Ку бубинам, ба сараш тоқии бахмал дорад?
Ку бубинам, ки сару рӯи харошидаи ӯ
Чӣ нишоне зи ҳамон пайраҳаву тал дорад?...

Хонандаи закӣ пай мебарад, ки дар ин шеър акси садои шеъри машҳури устод Лоиқ «Баччагӣ» ҷой дорад. Худи Давлат дар сӯҳбате иқрор кард, ки дерест орзуи навиштани шеъреро бо оҳанги шеъри мазкури Лоиқ дар дил мепарваридааст ва инак шеъре офарид, ки ба он шеър ҳамоҳанг аст, вале бардоштҳои худи ӯро аз олами кӯдакӣ инъикос намудааст.
Дар мусаммати мураббаъи «Руҷӯъ», ки аз аввал то охир бар талмеҳҳои зебову мутаносиб асос ёфтааст, низ ҷаҳони пурлаззати кӯдакии шоир бо имрӯзи ифтихоромези ӯ пайвастааст:
…Хати ожанги рӯям чун хати роҳ Зи кӯи кӯдакӣ бошад нишона, Хати тақдири ман пайваст ногоҳ Ба роҳи санглохи шоирона.

Сари зонуи модар гиряи ман
На гиря, балки шеъри кӯдакӣ буд.
Дуои модари шабзиндадорам
«Ҳазорон сол зӣ»-и Рӯдакӣ буд…

Дигар ҷаври Зулайхову ғами чоҳ
Чу хоби кӯдакӣ дар дил нагирам.
Ба пайвандони дилбандам бигӯед,
Ки дар Мисри Душанбе ман амирам.

пешина
аз 202
навбатӣ