Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инсон, ҷомеа, миллат, Ватан, ишқ, вафо, ростӣ, покӣ, ҷасорат арзишҳое ҳастанд, ки дар шеъри ӯ самимонаву боварбахш ситуда мешаванд. Умедворем, ки пайроҳаи эҷодии Давлат Сафар ба шоҳроҳи адабиёт пайвастанист ва дар ин ҷода ӯ тамоми монеаҳоро паси сар хоҳад кард, чунон ки худ мегӯяд:

Дунболи раҳи касе нарафтам ҳаргиз,
Чун бод пайи хасе нарафтам ҳаргиз.
Сад бор дари хонаи дил бишкастанд,
Пушти дари нокасе нарафтам ҳаргиз.

3 Давлат Сафар, сарфи назар аз ҷавонӣ ва нисбатан навкорӣ дар адабиёт, хеле ташаббускор ва шуҷоатманд аст, зарофат ва танзи ба худ хос низ дорад, мавридшинос ва сӯҳбаторост.
Тирамоҳи соли 2011 дӯстам Масъуди Сипанд – шоири эронии сокини Амрико меҳмони хонадони мо буд. Ба суҳбат Давлатро низ даъват кардам. Шомгоҳон ҳар се дар ҳавлӣ менишастем ва суҳбат асосан аз адабиёт, хоса шеър, ҷараён меёфт. Ман бештар ба ҷунбуҷули мизбонӣ машғул будаму он ду нафар ба якдигар шеър мехонданд, гӯё мушоира доштанд.
Вақте ки Давлат Сафар рубоии

Ошуфтатарин тозанафас чун мо нест, Дилгиртарин кабки қафас чун мо нест.
Бар даргаҳи лутфи ломакони ҳастӣ Мо ҳеҷ касему ҳеҷ кас чун мо нест–ро қироат кард, Масъуди Сипанд аз ҷой бархост, дасти ӯро фишурд ва хоҳиш кард, ки чанд рубоӣ барои телевизионаш (ӯ дар Лос-Анжелес телевизиони хусусӣ дорад) бихонад. Ва Давлат барои навор чанд рубоии зебо хонд, ки як-дутоашро ба ёд дорам:

Аз кӯча насими субҳ олуфта гузашт,
Нашкаст хумори хеш, ошуфта гузашт.
Асрори нагуфтаи фалакро дишаб
Абри сари пушта бар замин гуфта гузашт.

пешина
аз 202
навбатӣ