Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
БОШАД ЗИ ҲУНАР
МАРТАБАВУ ҲУРМАТИ ОДАМ
Шоири ватансаро, боҳунару суханаш корагар, ғамдидаву дардкашида, созандаву барозанда, баркамолу нозукхаёл Муҳаммад Ғоиб ба синни камолоти шаст расид. Роҳи тайкардаи ӯ дар паҳнои сухан на осону ҳамвор, балки пур аз шебу фарозҳо ва печу тобҳо буд. Вале Муҳаммаде, ки факултаи физикаро хатм кардаву дар дил орузи муҳандиси ихтироъкор шуданро мепарварид, бо тақозои сиришт ва ҳидояти табъу истеъдоди модарзодаш худро ба дарёи шеър зад ва бо омӯзишу заҳмати пайваста ғаввоси моҳир шуд.
Имрӯз ӯ чун шоири тавоно, драманависи хушсалиқа, носири саҷънавис ва роҳбари воситаи иттилооти омма дигар ба муаррифии муфассал ниёз надорад. Дар баробари омилҳои дигар ба ташаккули Муҳаммад Ғоиб хамчун шоир дуои неки устодони сухан, ҳамкориву дастгирии ҳамқаламон мусоидат намудаанд. Қиссаи раҳнамоиву фотеҳа додани марҳум Ашӯр Сафарро оид ба маҳкамии поя ва мояи шеъри шоири ҷавон ҳамаи дӯстони Муҳаммад хуб медонанд.
Шодравон Убайд Раҷаб нахустин маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи Муҳаммадро ба чоп омода ва тавсия карда, ба ӯ рӯҳу тавон ва шуҷоати адабӣ эҳдо намуда буд.
Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ баъди мутолиаи аввалин шеърҳои Муҳаммад бо бовару эътимод аз ӯ умедворӣ изҳор карда, ояндаи некашро пешгӯӣ намуда, аз ҷумла навишта буд: «Баъд аз он ки маҷмӯаи Муҳаммад Ғоиб барои бачагон ба чоп тавсия шуд, рӯзе як даста шеърҳои тозаашро пеши ман овард. Ман азбаски пештар шеърҳои алоҳидаи ӯро хонда, аз назари худ маслиҳатҳо дода будам, хостам донам, ки то куҷо ба ӯ суд бахшидаанд. Аз мутолиаи шеърҳо дарёфтам, ки шоири ҷавон то андозае дил ба дарё задааст ва кӯшидааст дурри муқсуд ба даст орад.
Умуман, таассуроти ман аз машқҳои Муҳаммад Ғоиб умедбахш аст. Пай бурдам, ки ӯ азми дурусту саъйи комил дорад…, шеърҳояш на танҳо бӯи дашту саҳро, балки бӯи умед ҳам доранд, маро дилпур мекунанд, ки ба азми ӯ бовар кунам ва дар олами печидаи шеър ба ӯ хоҳони сафари нек бошам.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё