Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.

Аммо дар байти мазкури Лоҳутӣ ба ҷуз ишора ба ҳасби ҳол маънои муҳимтаре ниҳон аст – маънои таҳтоние, ки матлаби аслии шоирро дар худ гунҷоиш додааст. Қаҳрамони лирикии ин ғазал дар симои худ тамоми халқи ҷавркашу азиятдидаи Эронро таҷассум намуда, сайёд – империалистони ғосиби Анлияро ба сари инсофу тараҳҳум мехонад, ки ошён – ватани ӯро насӯзонад. Ин қаҳрамон бо нолаву зорӣ маҳдуд намешавад, зимни шикваву навҳаҳо ӯ сиёсати ғосибонаи инглисҳо ва ватанфурӯшии сардорони ҳукумати Эрон, созиши ин ҳардуро бар зидди халқ тавассути образҳои маҷозии анъанавӣ фош менамояд:

Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам,
Ки дидам тоза бо гург улфате бошад шубонамро.

Ин ҷо барои хонандаву донандаи шеъри форсӣ ҷои шубҳа нест, ки шубон шоҳ ва сардорони ҳукумати Эрон, гург империализми Англия мебошад.
Зоҳиран аксари ғазалҳои истанбулии Лоҳутӣ аз лиҳози мавзӯъ ва таносуби образҳо аз ғазалиёти ҳасбиҳолӣ ва ошиқонаи шоирони пешин тафовути ҷиддие надоранд. Ин шабоҳати зоҳирӣ бо тақозои шароити эҷод шудани ғазалиёти мазкур ва ба туфайли ба назар гирифтани завқи бадеии хонандаи онҳо ба миён омадааст. Худи Лоҳутӣ дар ин хусус чунин навишта буд: «Амалдорони кундфаҳми сензура, ки медид дар ашъорам, монанди ҳар як аз ашъори анъанавии форсӣ, сухан аз гулу булбулу боғ меравад, беибо иҷозат медод, ки чоп ва ба Эрон фиристода шавад. Аммо дар Эрон касони хушфаросате, ки сухани ман ба онҳо нигаронида шуда буд, ба хубӣ дарк мекарданд, ки мақсади ман аз ин гулу булбул ва боғу сайёд чист. Онҳо даъватҳои маро ба мубориза бар зидди мустамликадорон ва ҳамлаҳоямро ба сарвазири вақт Саййид Зиёуддин, ки дастнишондаи инглисҳо буд, ба осонӣ мефаҳмиданд».

пешина
аз 202
навбатӣ