Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар офаридани чунин ғазалиёте, ки бар таъбироти хосаи маҷозиву рамзӣ асос ёфтаанд, Лоҳутӣ, бешубҳа, табъу завқи баланди эҷодкорӣ аз худ зоҳир намудааст. Албатта, тарзи бо маҷозу рамз ифода кардани матлаб, ба уҳдаи системаи муайяни мафҳумҳои бадеӣ ниҳодани бори маъниҳои зоҳириву таҳтонӣ дар шеъри классикии форсу тоҷик, хоса дар осори шоирони мутасаввиф, собиқаи ғанӣ дошт. Лоҳутӣ, ки алифбои шеърро аз падараш – шоири суфимашраб Илҳомӣ омӯхта, аввалин шеърҳояшро дар пайравии ӯ ва шоирони суфимизоҷи мутақаддим машқ карда, имконоти ифодаҳои рамзиро аз онҳо омӯхта буд, баъди мусаллаҳ шудан ба назокатҳои усулии шеър ва малака касб кардан дар пешаи шоирӣ дар ғазалиёти истанбулияш на танҳо ба истифода, балки ба тавсиаи эҷодии он имконот пардохт. Дар натиҷа дар ин ғазалиёт сухани шоир нисбат ба он, ки дар ашъори давраи инқилоби машрутаи ӯ буд, латифу маҳинтар, гӯшнавозу дилнишинтар садо дода, ҳам тааммуқи маъноии ашъори пешинаашро идомат мебахшад ва ҳам аз лиҳози таносуби таъбирот ба завқи анъанавии хонандаи шеъри форсӣ мутобиқтару мувофиқтар мегардад. Албатта, тафовути шароиту замони таълифи шеърҳои ин ду давраи эҷодиёти шоир ба хусусиятҳои ғоявию бадеӣ ва услубии онҳо нақши равшан гузоштааст.

5 Тамоюл ё равияи ашъори ғаноӣ ва ба истилоҳ лирикаи ошиқонаву маҳрамона низ дар эҷодиёти Лоҳутӣ аз давраи истанбулии фаъолияти адабии ӯ оғоз шуда, то охири умри шоир идома ёфтааст. Дар як силсила шеърҳои ин давра («Ба духтари Эрон», «З-ин беш ин ниқоби сияҳро ба рӯ макун», «Озод шуд ҷаҳону ту дар пардаӣ ҳанӯз» ва ғ.), ки ба мавзӯи зан бахшида шудаанд, оҳанги иҷтимоӣ, услуби хитоба ва мавзӯи озодии занону духтарони Эрон мавқеи марказӣ доранд.
Аз ин миён шеъри «Ба духтари Эрон» аз чанд ҷиҳат ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Пеш аз ҳама Лоҳутӣ дар ин асар ба меъёрҳои эстетикии тасвири анъанавии зан комилан мухолифат

пешина
аз 202
навбатӣ