Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас дар маҷмӯаи ашъори устод Айнӣ «Ёдгорӣ»
(Самарқанд, 1935) ин назира бо ишораи «Дар назираи «Инқилоби сурх»-и санъаткори беҳамто рафиқ Лоҳутӣ» ба табъ расид.
Шоири фарзонаи тоҷик Пайрав Сулаймонӣ меҳру эҳтироми худро ба устод Лоҳутӣ дар қитъае, ки дар паси сурати ба ӯ тақдимкардааш нигоштааст, чунин баён мекунад:

Дурӣ зи туам… ба ҳеҷ сурат
Ҳатто ба хаёл ҳам нашояд.
Инак, ба ту расми ошноӣ
Якрангиву дӯстӣ физояд.
Бо хеш бидор, то ки ҳар субҳ
Таъзим ба хидматат намояд.

Ба таъсиру шуҳрати шеърҳои Лоҳутӣ дар байни ҷавоншоирони солҳои 20-30-и қарни гузашта, инчунин ба иқтидори тарғиботиву ватанпарварии онҳо хусусан дар солҳои
Ҷанги бузурги ватанӣ суханони шоири ҷанговари тоҷик
Ҳабиб Юсуфӣ шоҳиди гӯёст: «Шумо ҳеҷ гоҳ аз ёди ман фаромӯш намешавед, – навишта буд ӯ дар номае ба Лоҳутӣ. –
Чунки рӯзе нест, ки байтҳои Шуморо нахонам…». Дар идомаи нома ин маъниро дар шеъри ба Лоҳутӣ бахшидааш чунин тафсир карда буд:

…Дар чунин рӯзҳои пуркорӣ
Ту ба ман ёвару мададгорӣ.
Шеъри ҷанговарат шиори ман аст,
Суханат теғи обдори ман аст.
Аз ҳамин рӯ туро шуморам ман
Қаҳрамон, қаҳрамони ҷанги Ватан.

Истеъдоди Лоҳутӣ фавқулъода буд. Устоди шодравон Мирзо Турсунзода ҳазорон бор ҳақ аст, ки гуфта буд: «Гӯё шеърро барои Лоҳутӣ ва Лоҳутиро барои шеър офарида буданд. Сиришти Лоҳутӣ иборат аз илҳом буд».

пешина
аз 202
навбатӣ