Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ӯ яке аз беҳтарин Лоҳутишиносон аст ва бо таҳқиқоти худ дар пажӯҳиши шеъри Лоҳутӣ саҳми мондагоре гузоштааст.
Ҳамин гуна Абдураҳмони Абдуманнон дар пажӯҳиши шеъри шоирони муосир аз ҷумла устод Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Низом Қосим корҳои хуберо анҷом медиҳад. Ӯ аз он муҳаққиқонест, ки ҳунар ва шеъриятро дар шеър дар мадди аввал мегузорад, ҳарчанд ки ғояву мазмуни шеър низ ба эътибор гирифта мешаванд.
Аз ин рӯ пажӯҳишҳои худи ӯ низ ҳунармандонаанд.
Дарки шеър, дарки ҳунар ва суханварии Абдураҳмон аз он сарчашма об мехӯрад, ки ӯ худ эҷодкор аст. Дар сатҳи худи шоирон дарк кардани шеър ба кам мунаққиду адабиётшинос даст медиҳад. одатан пажӯҳиши адабиётшиносон ва бардошташон аз шеър олимона аст. Аммо Абдураҳмон шеърро чун шоир дарк мекунад ва дар пажӯҳиши шеъри шоир, дар ҷустуҷӯи бозёфтҳои шоиронаву ҳунари санъаткории ӯст, яъне он чизест, ки шеър бе он шеър нест. Ва сабаби чунин бардошти ӯ он гаҳ аён гардид, чун маълум шуд, ӯ худ шеър менависад, яъне завқу дарки шоирона дорад. Ва ӯ худ метавонад ҳолатҳои рӯҳиро шоирона ба қалам диҳад ва байтҳои зер аз эҷодкориҳои ӯст:
Ман мисоли шабнами афтодае
Бар кафи барги наҳифу пурнишеб,
Дар ниҳодам тарси лағжидан ба хок,
Дар нигоҳам илтиҷои бешикеб…
Устод Абдураҳмони Абдуманнон дар офариниши симоҳои эҷодиву инсонии адибон ва шахсиятҳо низ чирадаст аст. Симои эҷодӣ ва шахсияти инсонии бисёре аз адибони маъруфи мо, аз ҷумла Пайрав Сулаймонӣ, Раҳим Ҳошим, Ғанӣ Абдуллову Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар навиштаҳои муҳаққиқона ва донишмандонаи Абдураҳмони Абдуманнон тасвиру таҳқиқу тадқиқи худро ёфтаанд.
Акнун меоем бар сари китоби тозаи ӯ, ки таҳти унвони «Фурӯғи чеҳраҳо» эҷод шудааст.
Хонанда аз мутолиаи мақолоти фишурдаву далелноки ин китоб на танҳо ба пажӯҳиши осори адибон рӯ ба рӯ меояд, балки аз шахсият, симои инсонӣ, фаъолияти ҷамъиятиву давлатии онҳо огоҳ гардида, нақши онҳоро дар рушди ҳунару сухангустарӣ дармеёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё