Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Самарқанд»
аз моҳи апрел то сентябри соли 1913 ҳафтае ду бор ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ интишор меёфт. Дар таҳияи мавод ва нашри рӯзнома Саидризо Ализода хеле фаъолона иштирок мекард. Қисми асосии маводи рӯзнома аз мақолаҳое иборат буд, ки мафкура ва манфиати аҳли зиё ва тиҷоратро мунъакис менамуд. Дар баробари ин дар рӯзнома мақолаҳои фарҳангиву адабӣ, шеъру манзумаҳо низ нашр мешуданд, ки аҳаммияти калони маърифатӣ доштанд. Аз ҷумла шеъри машҳури Сиддиқии Аҷзӣ «То ба кай?», ки мазмуни тунду тези иҷтимоӣ дорад, дар ҳамин рӯзнома (6 августи соли 1913) нашр шуда буд. Ба тавассути мақолаҳои рӯзнома хонандагони маҳаллӣ бо чигунагии фарҳанги халқҳои Аврупо, хусусан маданияти халқи рус, ошноӣ пайдо мекарданд. Рӯзномаи «Самарқанд» ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб менамуд, теъдоди чопаш ба 600 расида буд, вале баъди нашри 45 шумора баста шуд.
Яке аз сабабҳои баста шудани рӯзномаи «Самарқанд» дар моҳи сентябри соли 1913 ин буд, ки аз моҳи августи ҳамон сол Беҳбудӣ ба нашри маҷаллаи «Ойина» шурӯъ намуд, имконоти моддии ӯ ба чопи ду нашрия кифоят намекард. Аз ҷониби дигар, маводи маърифатӣ ва мақолоти тунду тези иҷтимоие, ки дар рӯзнома чоп мешуд, ғазабу норизоии аҳли хурофотро ангехта, боиси ҳамлаҳои ошкорову пинҳонӣ ба рӯзнома ва ношири он гардида буд.
Маҷаллаи «Ойина» аз августи соли 1913 то 15-уми июни 1915 аввал моҳе як шумора ва баъдан ҳар моҳ ду шумора чоп мешуд. Ношир ва муҳаррири он низ худи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ буд. Ин маҷалла дар як муддати кӯтоҳ тавонист доираи васеъи муаллифонро ба худ ҷалб кунад. Дар байни онҳо Сиддиқии Аҷзӣ, Саидризо Ализода, Абдуррауфи Фитрат, Мирзосироҷи Ҳаким, Садриддин Айнӣ ва дигар чеҳраҳои равшани он айём буданд, ки бо мақолаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва осори адабии худ саҳифаҳои маҷалларо зинат медоданд. Як қисми умдаи маводи ин нашрия аз мақолаҳои илмӣ ва маърифатӣ фароҳам меомад. Ба муҳимтарин воқеаҳои рӯз мақолаву хабарҳои худи Беҳбудӣ ҷавоб мегуфтанд.

пешина
аз 202
навбатӣ