Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, 3-уми январи соли 1914 муллоёни иртиҷоӣ ба тавассути сӯфӣ Аббос ном рӯҳонии заҳматободӣ Сиддиқии Аҷзиро дар мадрасаи Улуғбек кофир эълон карданд. Маҷаллаи «Ойина» оид ба ин воқеа ду хабар чоп кард ва муаллифи ҳар ду низ Беҳбудӣ буд. Дар яке (11.01.1914, №12) ӯ баробари хабар додан, ин чунин исбот менамуд, ки Аҷизиро «урус», «кофир» ва «рускунанда»-и мардум хондани муллоён асосу заминаи мантиқӣ надорад. Дар хабари дуюм бо (18.01.1914. №13) омадааст, ки рӯҳониён даъват мекунанд, ки мардум ба «Анҷумани арвоҳ»-и Аҷзӣ бовар накунанд. Беҳбудӣ далелҳои шаръӣ ва ақлӣ надоштани ин даъвоҳоро нишон дода, бо ҳамин исбот кард, ки шахсоне мисли Аҷзӣ кофир нестанд ва такфири ӯ асос надорад.
Аз ҷониби Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки ҳамчун муфтӣ ва ҳоҷӣ эътибори хеле баланд дошт, ҳимоят шудани Аҷзӣ дар он замон хеле муҳим буд. Дар «Ойина» ба ҷуз мақолаҳои иҷтимоимазмун ва маорифпарваронаи Аҷзӣ 18 шеъри тоҷикӣ ва туркии озарии ӯ ба табъ расида буд, ки ин худ гувоҳи равшани дастгирӣ дидани Аҷзии такфиршуда аз ҷониби Беҳбудӣ ба ҳисоб мерафт.
Ношир ва муаллифони «Ойина» ба инъикоси масоили мактабу маориф диққати махсус медоданд, дар ҳар шумора оид ба вазъи таълим ва роҳу усулҳои навсозии мактабу маориф мақолаҳои дастурӣ ва осори адабӣ чоп менамуданд.
Аз ҷумла шеъри машҳури Айнӣ «Нидо ба ҷавонон» дар ҳамин маҷалла (1914, №5) ба табъ расида буд. Маводи маҷалла ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шуда, баъзан эълонҳои ба забони русиро низ фаро мегирифт. «Ойина» ба ҷуз Осиёи Миёна дар Қафқоз, Туркия, Эрон, Афғонистон ва Тотористон низ хонандагону муштариён дошт.
Рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» дар ташаккули маданияти рӯзноманигорӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ нақши ниҳоят равшан боқӣ гузоштанд. Ҳамачунин жанрҳои асосии рӯзноманигорӣ – хабар, мақола, гузориш ба ин забонҳо низ дар саҳифаҳои ҳамин нашрияҳо шакл гирифтанд. Ва дар ин роҳ хидмати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шоистаи таҳсину такрим аст.

пешина
аз 202
навбатӣ