Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шуҳрат ва эътибори Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба дараҷае буд, ки амир аз ҳузураш ибо дошт. Аз ҷумла дар маҷлиси мулоқот амири Бухоро «аз дари болоӣ даромада, бо тамоми аврупоиён мулоқот кард. Аз вакилони Самарқанд бо аврупоӣ мулоқот карда бошад ҳам, бо Беҳбудӣ ва Ҳайдарбек мулоқот накард» (Садриддин Айнӣ, Таърихи инқилоби Бухоро. Душанбе, «Адиб»,1987, саҳ.153- 154). Ба ҳар ҳол ҷунбиши фикрӣ ва фаъолиятмандии аҳолии Туркистон ва аморати Бухоро дар дили Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шуълаи умедро ба беҳбуди ин минтақа фурӯзон карда буд.
Бо вуҷуди ин Беҳбудӣ ба сифати як зиёии ислоҳотхоҳ ва маорифпарвар тавонист дарк бикунад, ки Инқилоби октябр моҳиятан як амри зӯроварист, ки дар Русия содир шуда, ба гӯшаҳои мустамликаи Русия, аз ҷумла ба Туркистон иҷборан таҳмил гардид. Ин мавқеи ӯ дар Қурултойи чоруми фавқулъодаи мусулмонони умуми Туркистон (моҳи ноябри соли 1917) равшан намудор шуд. Вай дар ин Қурултой узви Кумитаи мухторияти Қӯқанд интихоб гардид. Баъдтар, дар ибтидои соли 1918, ки ҳокимияти шӯроҳо дар Туркистон барқарор шуда, дар Самарқанд созмони «Иттифоқ» маромҳои болшевиконро бо ҳар роҳ амалӣ менамуд, Беҳбудӣ иқдомоти зӯроварии ин созмонро маҳкум карда, аз ҷумла гуфта буд: «Ман тараққӣ ва эътидолпарварам. Аммо муносибати фирқаи меҳнаткаши Самарқанд бо болшевикон аст»
(«Ҳуррият», 12.01.1918) Бо вуҷуди ин Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ муддате дар идораҳои ҳукумати шӯро фаъолият намуд. Аз моҳи майи соли 1918 ӯ дар шӯрои мусулмонони коргар ва деҳқон дар Самарқанд ба сифати комиссари маориф ба кор шурӯъ кард.
Моҳи июли ҳамон сол ба Тошканд рафта, бо роҳбарони ҳизб ва Шӯрои РАСС Туркистон вохӯрда, дар кори тайёр кардани лоиҳаи дикрету санадҳои расмӣ ширкат варзид.
Ҳангоми кор дар идораи маорифи шаҳри Самарқанд Беҳбудӣ то ҷое, ки метавонист, ба муаллимон ва маорифпарварон А.

пешина
аз 202
навбатӣ