Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва маорифпарварии Беҳбудӣ дар доираи рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина»
маҳдуд набуд. Ӯ инчунин дар матбуоти дигари он замон, мисли «Туркистон вилоятининг газетаси» («Рӯзномаи вилояти Туркистон»), «Шӯро», «Вақт» фаъолона иштирок мекард, оид ба масъалаҳои маориф, мактаб, тарбияи ҷавонон бисёр мақолаҳои публитсистӣ ба табъ мерасонд. Дар аксари ин мақолаҳо хурофоти феодалӣ, таълими схоластикии мадраса, ҷаҳолати сарватмандони замон аз дидгоҳи як нафар маорифпарвари ислоҳотхоҳ мавриди мазаммат қарор мегирифт. Аз ин лиҳоз хусусан мақолаҳои «Эҳтиёҷи миллат»
(1909), «На ду, балки чор забон лозим» (1913), «Бухоро хонлигига саёҳат» («Саёҳат ба хонии Бухоро», «Вақт», Оренбург, 12-уми июли 1912) хеле тунду тез буданд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба сифати як шахсияти маърифатпарвару ҷаҳондида хуб дарк мекард, ки тақдири халқҳои Осиёи Марказӣ дар он шароити сиёсиву иқтисодии мавҷуда танҳо ба худи онҳо вобаста нест. Бино бар ин ба воқеъаҳое, ки дар Русия ва мамолики Шарқи Наздик ба амал меомаданд, бо чашми таҳқиқу таҳлил менигарист. Ӯ мисли Ҳамза, Алвонӣ, Айнӣ, Тавалло, Аҷзӣ, М.Шермуҳаммадов ва бисёр зиёиёни дигари Туркистон ва аморати Бухоро инқилоби феврали соли 1917-ро дар Русия бо табрику таҳният истиқбол намуд. Ин гурӯҳи зиёиён умед доштанд, ки баъди барҳам хӯрдани ҳокимияти подшоҳӣ ва барқарор гардидани ҳокимияти буржуазиву демократӣ Туркистон аз занҷири мустамлика ва Бухоро аз вазъи ниммустамликаи Русия раҳоӣ меёбанд. 18 апрели соли 1917 Беҳбудӣ дар Қурултойи мусулмонони умуми Туркистон масъалаи аз Русия ҷудо кардан ва давлати мустақили федеративӣ эълон намудани Туркистонро ба миён гузошт. Баъди Инқилоби октябр Беҳбудӣ борҳо «ба муқобили болшевикҳо этироз» карда (Архиви вилоятии Самарқанд, Ф. 74, делои 6, варақҳои 23- 26), изҳороташро дар ин мавзӯъ дар Думаи шаҳрии Самарқанд баён намудааст (Рӯзномаи «Свободный Самарканд», 1917, 9 ноябр, №111). Ӯ инчунин дар воқеаҳои арафа ва рӯзи эълони фармони ислоҳот дар Бухоро (6-7 апрели соли 1917) дар ҳайати вакилони Самарқанд ҳамроҳи намояндагони сафорати Русия ва кумитаи иҷроияи Когон фаъолона иштирок намуд.

пешина
аз 202
навбатӣ