Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ибтидои солҳои 90-и қарни гузашта ниҳоят гарон буд, дарун-дарун месӯхт аз иғвое, ки баҳманмоҳи соли 1990 гурӯҳе дар Душанбе бо дасисаи хориҷиён зидди арманиҳо ангехта буданд, ба фиғон меомад, ки охир:

Дину ойину мазҳаби бисёр
Бари як нахли боғи зиндагиянд,
Масҷиду каъбаву калисо низ
Равшан аз як чароғи зиндагиянд…

Бар азизони дуру наздикам
Сулҳро ҷустуҷӯй дорам ман,
Бар ҳама қавму миллату мазҳаб
Дӯстӣ орзуй дорам ман.

Фалсафаи пайванди замонҳову наслҳо, меъёрҳои ифтихор аз пешомадон ва парастиши гузашта, зарурати ҷидду ҷаҳд барои оростану перостани рӯзгори шоистаи кунунӣ ва ҳамзамон ҷустуҷӯи пайвастаи беосебтарин роҳҳо барои расидан ба ояндаи боз ҳам шоистатар дар аксари кулли ашъори солҳои охири Миршакар мавриди андешаҳои бисёрпаҳлу ва амиқ қарор гирифтааст. Устод ифтихор мекард, ки мардум рӯз то рӯз гузаштаи худро мешиносанд, бузургонро мепарастанд, ҳамзамон нигарон буд, ки онҳо мабодо фаромӯш кунанд, ки побанди ифтихор аз гузашта гардидан баробари бо ҳалво гуфтан даҳон ширин кардан аст. Ӯ талқин мекард, ки ифтихор кардан аз гузаштаву пешомадони бузурги халқи худ бояд ҳатман ба хотири омӯхтан, сабақ гирифтан, саҳву хатоҳоро такрор накардан, аз тавсифҳои бебунёд, ҳамду саноҳои беасос даст кашидан ва беҳтарин таҷрибаҳову анъанаҳои гузаштаро ба мақсадҳои наҷиби созандагӣ пайвастан сурат бигирад. Дар бештари чунин мавридҳо устод Миршакар барои тақвияти ақидаву ҳадафи худ боз ҳам муроҷиат мекард ба панду ҳикматҳои бузургони гузашта ва мехост таъкид кунад, ки «ҳой, мардум, дар ҳама кор, аз ҷумла дар ифтихору парастиш меъёру андозаро риоя намоед!», яъне «андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст..»
Ҳамин аст, ки ба сифати сароғози шеъри «Гузашта ва оянда»

пешина
аз 202
навбатӣ