Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
байти «Гирам, падари ту буд фозил, Аз фазли падар туро чӣ ҳосил?»-и Саъдиро меорад ва баъд худ изҳори андеша мекунад:
Оре, чу қадам ба пеш монам, Созам ба қафо назар гаҳе ман, Аммо набувад муродам аз ин Ҳар дам ба гузашта саҷда кардан.
Мақсудам аз ин нигаҳ ҳамин аст,
Бинам баду неки худ дигар бор,
То саҳву хатои рӯзи рафта
Фардо нашавад дубора такрор.
Алҳақ, ки гузаштагони мо низ
Бо фахр гузаштаро ситуданд.
Оянда гули умедашон буд,
Побанди гузаштагон набуданд.
Албатта, устод шояд гумон надошт, ки панди «Гирди номи падар чӣ мегардӣ? Падари хеш бош, агар мардӣ» дар ҷомеаи нав андак-андак моҳияташро гум мекунад,ҷомеа аз боло то поин, аз сар то пой фасодзада мешавад, байни қавлу амал фосилаи беинтиҳо пайдо мегардад, таҳсил ба пул ва кору фаъолият ба ному мансабу зодбуми волидон вобаста мешавад. Вале ӯ ба дили пурорзуву моломоли армонҳои неки худ бовар дошт ва ояндаи халқу Ватанашро беҳтару мусаффотар аз имрӯз дидан мехост:
Дили ман, ифтихори ман ҳастӣ,
Ки зи Сомониён насаб дорӣ….
Парчами миллати парешонат
То ба авҷи фалак бубардорӣ…
Мақсадат нек, мерасӣ ба мурод,
Орзу медиҳад туро ёрӣ.
Оре, Мирсаид Миршакар шоири публитсист ва содабаён буд. Аммо публитсистикаи ӯ аз хитобаву нидоҳои хушк, васфу тараннумҳои холӣ иборат набуда, моломоли масоили иҷтимоии ҳаёти халқ, маънавиёти мардум, фалсафаи инсон будану инсонвор зистан ва азизу муқаддас доштани Ватан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё