Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аслан, шоиру нависандагони насли устод Миршакар ба рӯйдодҳо ва муаммоҳои иҷтимоии даврони худ ниҳоят ҳассос буданд, дар осорашон онҳоро таҳлилу арзёбӣ мекарданд ва ҳеҷ набошад, садои худро нисбат ба он рӯйдоду муаммо баланд менамуданд. Бинобар ҳамин адибони «насли комсомол»-ро воқеан ҳамқадами замон меномиданд, зеро дар осори онҳо рӯҳияи замон, пафоси даврон ва пиндору андешаҳои ҳаммаслаконашон инъикос меёфтанд. Адибон рӯйдоду муаммоҳоро на танҳо ба мардум дар либоси шеър ё асари мансур пешниҳод менамуданд, балки таваҷҷуҳи оммаро ба аҳаммияти рӯйдоду муаммоҳо ҷалб мекарданд, чаро муҳим будани онҳоро шарҳу тавзеҳ медоданд ва ба ҳамин васила адабиётро ба як неруи муассиру фаъоли ҷомеа табдил дода буданд. Маҳз тақозои чунин анъана буд, ки Миршакари пиру ранҷур аз муаммоҳои мубрами баҳри Арал чашм напӯшид, балки дар ин мавзӯъ шеъри пурмаънӣ ва оптимистонае бо номи «Баҳри Арал» эҷод кард, ки иқтибоси матни комили онро зарур медонам:
Баҳри неъматбахши ман – Баҳри Арал,
Дӯст медорам туро чун ҳамдиёр.
Дӯст медорам, намехоҳам, ки ту
Аз нигоҳи ман бимонӣ дар канор.
То нагӯйӣ «сӯхтам аз ташнагӣ»,
То нагардад пора дил аз оҳи ту,
Мефиристам аз дили Боми Ҷаҳон
Оби ширине суйи даргоҳи ту.
Мефиристам обу медонам, ки ҳаст
Рӯйи роҳаш обдузди бешараф.
Бишнавад то оҳу фарёди туро,
Сахт бояд тофт гӯшашро ба каф.
Ғам махур, умри фалокат кӯтаҳ аст,
Лек умри ту надорад интиҳо.
Қувва мебахшанду рӯҳи тозае
Пиряхҳои бузурги ман туро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё