Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ҳамчу тифлу модари ҷонпарваре
Халқу шоирро ҷудоӣ мушкил аст.
Ҳазрати Иқбол неку гуфтааст:
«Шоир андар синаи миллат дил аст».
4 Аллома Иқболи Лоҳуриро ба Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар «овард». Соли 1957 ӯ аз сафари Ҳиндустон девони форсии Муҳаммад Иқболро оварда, пас аз як сол аввал гузидаеро аз ашъори ӯ дар маҷаллаи «Шарқи сурх»
(1958,N:8) сипас, худи ҳамон сол, мунтахаби ашъори ӯро таҳти унвони «Шеърҳо» тавассути Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба табъ расонд. То он дам, агар сухан аз таъсирбардорӣ равад, чунонки ҳамқаламони Миршакар ва муҳаққиқони эҷодиёташ қайд кардаанд, ӯ воқеан аз осори файзбори устод Абулқосим Лоҳутӣ ва шоири шаҳири рус Владимир Маяковский баҳраҳо бардошта буд. Ҳамовозӣ ба муҳимтарин воқеаҳои рӯз, риояи пафоси расмии вақт дар тарғибу ташвиқ ва тавзеҳу тафсири рӯйдодҳо дар ашъори Миршакар бар замми тақозои замон то андозае натиҷаи ҳамин таъсирбардорист.
Ошноӣ бо осори Муҳаммад Иқбол ба рӯи Миршакар дари дунёи дигарро боз кард, тафаккури бадеии ӯро тағйир дод, диди эстетикии ӯро ба фалсафаи таърих, иҷтимоъ, инсон, худшиносиву ҷаҳоногоҳӣ ҷалб намуд, доираи назарашро вусъат бахшид ва водошт, ки дар идроку тавзеҳи масоили вобаста ба инсону ҷомеа арзишҳои маънавиеро ба эътибор бигирад, ки классикони гузашта офаридаанд ва гиромӣ доштаанд. Албатта, худи Иқбол бо эҷодиёташ на танҳо дар риштаи адабиёт, балки дар бисёр масоили вобаста ба инсону ҷомеа, мозиву ҳол, худшиносиву Худошиносӣ ва худсозиву худафрӯзӣ як ҳалқаи зарринест байни гузаштаву имрӯзу оянда ва ҳамеша, ки ин мавзӯи махсус аст.
Ҳоло сухан сари он аст, ки шиносоӣ бо осори Иқбол ва баҳрабардорӣ аз файзи он осор ақлу дили устод Миршакарро сӯи панду ҳикмат ва ахлоқу фалсафаи шеъри классикӣ, фалсафаи ҳастӣ ва маънии будан, ҳадафи будану мароми зистан ҷалб намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё