Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Мирсаид Миршакар шахси на танҳо қоматбаланд, балки хеле назарбаланд ҳам буд, ғурури сарбаландияш шоистаи рафтору кирдору фаъолияташ буд ва ба худаш мезебид.
Устод табиату хислатҳои шахси худро дар ашъораш ҷо-ҷо таъкид кардааст. Аз ҷумла дар шеъре мегӯяд, ки:
Нагаштам ҳамтабақ бо худписанде,
Накардам назди мансабдор сар хам…
Ва дар ҷои дигар аз гузаштаи худ ёд меораду таъкид мекунад:
Талху ширин буд замони ман,
Лек мағруру сарбаланд будам.
Будам омодаи набарду кор,
Кор кардам, даме наосудам.
Ин хислатҳои устод Миршакарро дар суҳбатҳояш бисёр хуб эҳсос мекардем. Тобистони соли 1992 воқеае рух дода буд, ки ёд овардан аз он табиати устодро хеле возеҳ равшан менамояд.
Сафири кабири вақти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Шабистарӣ, ки инсони воқеан дилсӯзу меҳрубон ва хоса ба аҳли илму фарҳанг ғамхору парастор буд, рӯзе пешниҳод кард, ки ба аёдати адибони пиру барҷомонда ва ниёзманд биравем. Банда, ки он вақт муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон будам, ин пешниҳоди инсондӯстонаву беғаразонаи сафирро бо хушӣ пазируфтам. Мо бо ҳам рӯйхат тартиб додем ва ҳар шом ба дидорбинии яке аз устодон мерафтем ва оқои Шабистарӣ бо худ чанд нусха китоб (аксаран девони Ҳофиз, ғазалиёти Саъдӣ, Девони Шамс ва амсоли инҳо) ва дар покете як миқдор пул мегирифт ва баъди ҳолпурсиву суҳбат дастовезашро тақдим мекард.
Шоми рафтан ба хонаи устод Миршакар камина, ки табиати ӯро то ҷое медонистам, аз оқои Шабистарӣ хоҳиш кардам, ки покетро байни варақҳои китоб гузорад, то вақти супурдани дастовез устод аз он огоҳӣ наёбад. Ҳамон тавр ҳам кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё