Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инҳоро бояд навишт, бояд фош кард, зеро онҳое, ки бо иғвову буҳтону туҳматҳояшон шахсиятҳои маъруф бе гуноҳ ба маҳкамаҳо кашида шудаву ба қатл расидаанд, «башараи эҷодии муртадашон» (иборае, ки Самад Ғанӣ ба Ғанӣ Абдулло печонидааст) ошкор шавад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад.
Мехоҳам аз ин мақолаи пандомези Абдураҳмони Абдуманнон, ки бе ашки дарун наметавон онро хонд, порае иқтибос орам, ки чун ҳушдор барои имрӯзиён садо диҳад:
«Кас имрӯз ҳазор бор афсӯс мехӯраду ангушти ҳайрат мегазад, ки ин гуна «айбгузориҳо» на аз ҷониби намояндагони суду прокуратура ё Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, балки аз тарафи адибон нисбат ба ҳамқалам ва рафиқи ҳамкори худ сурат мегирифт».
Адибони муосири мо ин мақолаи Абдураҳмони Абдуманнон ва очерки ҳуҷҷатии ӯ «Танҳоӣ»-ро аз китоби «Пиндорҳо ва ингорҳо» натанҳо бояд хонанду донанд, балки бояд дар ёд бигиранд, ки ҳамеша чун ҳушдор роҳнамояшон бошад. Дар ин мақолаҳо симои ҳақиқат, симои рӯзгори талхи як марди асил, як адиби фидокор, як инсони бешикаст ва дар баробари ин симои манфури риё, тарс, тамаъ, номардӣ таҷассум меёбад.
Дар мақолаи «Пире буд равшанзамир» муаллиф тавонистааст ҳамон рӯшноиро, ки аз зоҳиру ботини устод Раҳим Ҳошим ҳамеша шаъшаъапошӣ мекард, раҳнамои роҳи ҷавонон буд, бори дигар фурӯзон кунад. Ин мақола на танҳо симои хирадмандона ва самимияти инсонии Раҳим Ҳошимро ба тасвир медиҳад, балки чунин одобу фазилату тамкину бурдбориро ба ҷавонон талқин месозад.
Хонанда аз мутолиаи маводе, ки ба Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бахшида шудааст, оид ба поягузорони матбуоти тоҷик, нахустин нашрияҳои тоҷикӣ, таърихи пайдоиши онҳо ва нахустин фидоиёни ин соҳа тасаввурот ва маълумоти хубе мегирад. Муаллиф мақоми ин мардони шоистаи таърихи матбуоти моро муайян ва равшан менамояд.
Дар мақолаи «Зи дунёи дарунаш роз бикшоем», ки ба симои эҷодиву инсонии устод Мӯъмин Қаноат бахшида шудааст, баҳогузории андешамандона ба фаъолияти адабии шоир ҷолиб аст. Масалан, ин ки «равияи ҳамосаписандӣ самти асосии фаъолияти эҷодии устод Мӯъмин Қаноат гардид ва аз ин гаравиш ҷанбаи лирикии истеъдоду эҷодиёти шоир сахт осеб дид», мушоҳидаи хеле баҷуръатона буда, касро ба андеша водор мекунад.

пешина
аз 202
навбатӣ