Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Баъди ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ устод Айниро то берун мегуселонад.
Устод барои савор шудан ба мошин саросема нашуда, аз ину он суҳбат карда, ноаён баромадани Фаина Борисовнаву духтарашро интизор мешавад. Вақте ки мебароянд, бо онҳо хеле гарм салому ҳолпурсӣ мекунад ва ронандаашро даъват карда мегӯяд, ки «Фаинаву духтарашро ба хонаашон бурда расону зуд биё». Ҳамин муносибати устод Айнӣ кофӣ буд, ки Фаина Борисовна дар ҷои кораш монд ва рӯзгори худу фарзандонашро таъмин намуд.
Дилбастагии Раҳим Ҳошим ба шахсияти инсонӣ ва адабиву илмии устод Айнӣ ба андозае буд, ки ҳангоми тарҷума аз забони ӯзбекӣ ва ба нашр омода кардани китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» мекӯшид тамоми нозукиҳои навиштори устодро риоят намояд ва агар кас надонад, ки матни ин китоб тарҷума аст, гумон мекунад, ки худи С.Айнӣ онро ба забони тоҷикӣ навиштааст. Бо хоҳиши устод Раҳим Ҳошим, ки навиштан ба хатти форсӣ барояш осонтар аз навиштан ба кириллӣ буд, ман матни ин китобро аз хатти форсӣ ба кириллӣ баргардонида, нусхаи тасҳеҳии онро низ хонда будам. Дар баъзе мавридҳо пешниҳод мекардам, ки ҷумлаеро дар таҳрири дигар нависем ва ё таъбиреро иваз бикунем, лекин устод розӣ намешуд ва бо далел исрор мекард, ки агар чунин шавад, ба манзари услуби Айнӣ бегонагӣ роҳ меёбад.
Раҳим Ҳошим то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ меҳри дӯстиву бародариро бо шоири шаҳири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ пос медошт. Эссеҳои «Ёдат ба хайр, Пайрав», «Гуфтор аз аҳвол ва ашъори Пайрав», мақолаҳои ҷудогонаи Раҳим Ҳошим оид ба шахсияти адабӣ ва инсонии Пайрав гувоҳи ин садоқати беандозаи дӯстиву бародарӣ мебошанд. Дар мақолаи «Суҳбат бо рафиқони ҷавонам» ӯ аз як мусоҳибааш бо Пайрав чунин ёдовар мешавад:
«Боре дар аснои суҳбат шӯхикунон ба Пайрав гуфтам:
– Биё, ҳунари шоириятро ба ман ёд деҳ, то ки ҳар шаб сад, дусад мисраъ шеър сохта, онҳоро дар се-чор ҷой чоп кунонда, мадади маош кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё