Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Китоби қироат барои камсаводон» (1930), «Соли дуюм»
(1930), «Соли сеюм» (1930), «Сохтмони нав» (1930), «Роҳи нав» (1931), «5 дар 4» (бо ҳамроҳии С.Айнӣ, Пайрав, Лубентсов, с.1931) номи Раҳим Ҳошим ё ба сифати муаллиф ва ё ба сифати мураттиб сабт шудааст. Маводи китобҳои дарсии Раҳим Ҳошим барои хонандагони солҳои 20 ва 30-и қарни 20-ум воқеан дарҳои ҷаҳони навро боз менамуд.
Фаъолияти тарҷумонии устод Раҳим Ҳошим низ аз кор дар сари китобҳои дарсӣ ибтидо гирифтааст. Соли 1930 ӯ ҳамроҳи Граматович ва Дмитриевский китоби «Учебник таджикского языка для русских служащих в госаппарате Тадж. ССР»-ро нашр кард, ки барои тоҷикиомӯзони калонсол пешбинӣ шуда, дар ҳаҷми 25 саҳифа луғате ҳам дошт.
Шояд ин аввалин таҷрибаи луғатсозии русӣ – тоҷикӣ бошад. Тарҷумаи китоби «Физика»-и Е.Н.Горичкинро низ Раҳим Ҳошим соли 1933 бо замимаи луғати истилоҳот анҷом додааст. Ӯ луғатро хеле амиқу дақиқ медонист ва баъдҳо дар таҳрири нашри якуми китоби пурарзиши «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар 2 ҷилд) саҳми шоиста гузошт. Осори бисёр нависандагони хориҷӣ, аз қабили Радишев, Лермонтов, Гертсен, Л. Толстой, М.Горкий, М. Шолохов, А. Фадеев, Н.Короленко, В.Ян, Марк Твен, Д. Дефо, Лу Син, Сабоҳиддин Алӣ маҳз тавассути тарҷумаҳои Раҳим Ҳошим ба дили хонандаи тоҷик роҳ ёфтаанд.
Аз ҷумла қаринаҳои тоҷикии «Модар», «Дар қаър», «Душманон»-и М.Горкий, «Мтсири»-и М.Ю.Лермонтов, «Анна Каренина»-и Л.Н.Толстой, «Шоҳзода ва гадо»-и Марк Твен, «Рӯбоҳ ва ангур»-и Г.Фигейредо, «Чаманоро»-и Рашод Нурӣ, ки ба қалами Раҳим Ҳошим мансубанд, ба хазинаи тилоии тарҷумаи бадеии тоҷикӣ дохил шудаанд. Бидуни ҳеҷ шак метавон ӯро яке аз поягузорони тарҷумаи бадеӣ дар адабиёти нави тоҷик номид. Пайваста бо кори тарҷумонӣ ӯ дар бораи мероси адабии А.П.Чехов, М.Горкий, В.Ян, М.Ф.Охундов, С.Тоҳирзода, Ш.Руставели, М.Воқиф, М.Шолохов, Лу Син, Маликушшуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, инчунин оид ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷику рус, тоҷику ӯзбек, тоҷику озарбойҷон, тоҷику гурҷӣ мақолаву очеркҳои илмии пурарзиш навишта, дар омӯзиши роҳҳои қаробати ин адабиётҳо саҳми арзанда гузоштааст.

пешина
аз 202
навбатӣ