Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ва ниҳоят, дар осори онҳо рӯҳи шеъри классикӣ, нафаси ҷонбахши каломи бузургони гузашта кам эҳсос мешуд, ки дуруштиву ноҳамвориҳои ашъорашонро суфтаву пухтатар гардонад. Ва шояд баъзе сабабҳои дигар ҳам дар ин миён бошанд.
Мӯъмин Қаноат аз аввалин қадамҳояш дар ҷодаи шеър гӯё ҳамин иллатҳоро мехост аз пеши роҳи худ бартараф бикунад. Ҳатто дар шеърҳои шогирдонаи ӯ, ки аслан муқайяди мавзӯъҳову тавсифҳои маълум буданд, кӯшиши офаридани тасвирҳову таъбирҳои тоза ба назар мерасид. Масалан, дар шеъри «Ду гул» (1955), ки ба маъмултарини мавзӯъҳои он замон – васфи духтарони пахтачин бахшида шудааст, банди ҷолибе ҳаст:
Яке з-он аз сафедӣ нуқраи хом аст, пиндорӣ,
Ба пояш пахтазорон чатри нилфом аст, пиндорӣ,
Фурӯзон рӯи он худ ахтари шом аст, пиндорӣ,
Дигар дар байни он манзар маҳи том аст, пиндорӣ.
Чунон ки мебинем, дар ҳамин як шеъри шогирдона ҳам ташбеҳот барои назми он солҳо тоза ва нав буданд.
Ё ки шеъри «Пири гулфурӯшон»-ро (1959) бигирем, ки шоир дар он чӣ гуна мӯҷаз ва нишонрас тасвири зиндаи манзараи баҳорони кӯҳи Варзобро офарида:
Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,
Гӯиё пири гулфурӯшон аст.
Ҷомаи беқасаб ба бар дорад.
Локии шоҳӣ дар камар дорад,
Саллаи суф гирди сар дорад,
Сабади гул ба пеши бар дорад.
Маҳорати тасвиркориҳои Мӯъмин Қаноат баъдан дар шеърҳои маъруфи ӯ «Об мехӯрад», «Обшор» такмил ёфта, дар шоҳкорҳояш «Нарав, қуи сафеди ман» ва «Ману шабҳои бехобӣ» ба дараҷаи эъҷози воқеъӣ расид. Ду шеъри охир аз лиҳози таносуби лаҳну оҳанг бо мазмун ва аз ҷиҳати хамоии (пластик будани) сухан умуман дар шеъри нави форсӣ камназиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё