Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Донишу таҷрибаи дар давоми 40-50 соли фаъолияти илмӣ андӯхтаи М. Шакурӣ ба ӯ имкон дод, ки дар шароити комилан нави таърихӣ на аз меъёрҳои назариявии маъмул, балки дар асоси далелҳои мушаххаси дастрас ба таҳқиқи фалсафаи таърих, фалсафаи забон, фалсафаи фарҳанги миллӣ ва фалсафаи ҳастии таърихии миллат бипардозад. Ин корро ӯ бидуни ҳеч даъвои кашфиёт дар соҳаҳои таърихнигорӣ, забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва файласуфӣ, танҳо бо амри ҳиссиёти миллатдӯстӣ ва чун қарзи фарзандии як олими дилсӯз дар назди халқи худ анҷом дод. То дами охирин М.
Шакурӣ зиндагӣ ва фаъолияти ҳадафманд дошт ва ҳадафҳояш моҳиятан ба дараҷаи олӣ миллӣ ва башардӯстонаву адолатҷӯёна буданд, ӯ гӯё дар замони нав кору пайкори устод Айниро идомат мебахшид. Ва фаъолияти илмиву тадқиқотии М. Шакурӣ низ аз омӯзиши эҷодиёти устод Айнӣ шурӯъ шуда буд.
2 Ба тадқиқи илмии эҷодиёти устод Айнӣ, хоса «Ёддоштҳо»-и ӯ, рӯ овардани М. Шакурӣ сабабу омилҳои ҷиддӣ дошт. Аввалан, «Ёддоштҳо» ба тасвири бадеии муҳити иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавии Бухорои чоряки охири асри 19 ва оғози қарни 20 (албатта бо руҷӯъҳо ба замонҳои пештар низ) бахшида шудааст. М. Шакурӣ – асилзодаи бухороӣ, писари қозикалон, шоир, муаррих, фозилу хаттот Шарифҷон – махдуми Садри Зиё ва набераи қозикалон, шоир Абдушукури Оят воқеъот ва ашхосеро, ки дар «Ёддоштҳо» ба тасвир омадаанд, инчунин ба таври умумӣ муҳити Бухороро аз рӯи дидаву шунидаҳояш беҳтару бештар аз дигар муҳаққиқони ҷавони оғози солҳои 50-и қарни 20 медонист.
Сониян, моҷарои рисолаи якуми номзадии М. Шакурӣ «Аҷзӣ ва эҷодиёти адабии ӯ», ки дар 438 саҳифаи чопи мошинка таълиф шуда буд (тафсили ин моҷаро дар китоби «Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт», саҳ. 55-66 омадааст), олими ҷавонро моргазида кард ва ӯ бо маслиҳати И.С.Брагинский «Ёддоштҳо»-и устод Айниро мавзӯи рисолаи номзадӣ қарор дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё