Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ба ҳамин тариқ Муҳаммадҷон Шакурӣ аввалин қадами ҷиддияшро дар ҷодаи тадқиқи илмии адабиёти шӯравии тоҷик аз «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ сар карда, баъдан ба ҳар масъалае, ки рӯй оварда бошад, ба ҳалли кадом муаммои насру назми шӯравии тоҷик, аз ҷумлаи реализм ва романтизм, анъана ва навоварӣ, забон ва услуби адабиёти бадеӣ ва амсоли онҳо камар баста бошад, эҷодиёти устод Айнӣ, бозёфту дастовардҳои бадеии ӯ, мавқеъ ва мақоми осори вай дар ташаккул ва таҳаввули адабиёти реалистии халқҳои Осиёи Миёна ҳамеша дар маркази диққати муҳаққиқ қарор гирифтааст. Китоби «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ», ки такмили рисолаи номзадии (1955) М. Шакурӣ буда, соли 1966 дар нашриёти «Дониш» аз чоп баромад, натиҷаи нахустин баррасиҳои илмии эҷодиёти Айнӣ, оғози фаъолияти айнишиносии Муҳаммадҷон Шакурӣ буд. Дар ин рисола муҳаққиқ, агарчи тақрибан ҳамаи ҷиҳатҳои ин асари барҷаставу бунёдии устодро ба риштаи тадқиқ кашида, онро чун таърихи бадеии халқи тоҷик дар охири асри XIX – ибтидои қарни XX ва оғози жанри ёддоштнависӣ дар насри даврони шӯравии тоҷик, таҷассуми вусъат ва тааммуқи диди таърихиву эстетикии нависанда баррасӣ карда бошад ҳам, дар хотимаи китоб чунин навишта буд: «Ҳарчанд ки мо ин ҷо дар бораи «Ёддоштҳо» ба тафсил сухан рондем, ҳанӯз тамоми аҳаммияти онро батамом қайд накардаем».
Дар ҳақиқат ҳам баъдан дар тадқиқи ин асар ва умуман эҷодиёти Айнӣ дар манзари адабиёти шӯроии сермиллат, вобаста ба масъалаҳои анъана ва навоварӣ, ташаккул ва таҳаввули ҷараёнҳои гуногуни услубӣ, падидаву махсусиятҳои реализм дар насри нави тоҷик назари муҳаққиқ торафт амиқтар ва фарохтар мегардид. Дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳои илмии М. Шакурӣ оид ба муайян кардани мақому мавқеи устод Айнӣ дар адабиёти шӯроии тоҷик ва насри реалистии халқҳои Осиёи Миёна, дар ҷараёни адабии умумии Иттифоқ паҳлуҳо ва манбаъу хусусиятҳои тоза ба тозаи диди эстетикии нависанда ва аҳаммияти осори ӯ дар роҳи такмилу ташвиқи тафаккури бадеии халқ падид меомаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё