Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаммадиев ва ҳатто нависандагони нисбатан ҷавон мақому мавқеъ доранд, М. Шакурӣ ба анъанаҳои миллии адабиёти тоҷик вобаста медонад.
Дар мақолаи «Умри дубораи анъанаҳои қадимӣ» М. Шакурӣ зуҳури баъзе нишонаҳои муносибати беэътиноёна ва нигилистонаро нисбат ба анъанаҳои адабӣ зери тозиёнаи танқид гирифта, дар мисоли эҷодиёти нависандагони пешоҳанги тоҷик исбот намуд, ки «муҳимтарин хусусиятҳои дунёфаҳмии эстетикии халқ, ки дар давоми асрҳо ташаккулу такомул ёфта, дар ҷиҳатҳои умумию хусусии адабиёти классикию фолклор акс андохта буд, тамоман аз байн нарафта, дар ҷаҳонбинии нави имрӯзаи ӯ, аз ҷумла дар тафаккури бадеии ҳозираи вай нақши намоёне гузоштааст».
Дар мақолаи мазкур М. Шакурӣ бо тамоми қатъият ва равшанӣ изҳор намуда буд, ки «адабиёт дар муҳимтарин марҳалаҳои таърих то муносибати худро ба гузашта дуруст муайян накунад, роҳи ояндаи худро муайян карда наметавонад».
Ҳаққонияти ин тезиси М. Шакурӣ, ки дар натиҷаи амиқ сар фурӯ бурдан ба асосҳои методологии оид ба мероси маданӣ ба вуҷуд омадааст, дар таҷрибаи инкишофи адабиёти имрӯзаи тоҷик, ҳатто дар мисоли эҷодиёти адибони ҷудогона ба субут мерасад. Масалан, шоир Ғаффор Мирзо дар
1 солҳои 60 як силсила мақола навишта, дар баробари изҳори ғамхориву ташвиш нисбат ба вазъи шеъру адабиёти бачагонаи вақт ақидаҳое низ баён карда буд, ки аз онҳо бӯи нигилизм омада, боиси эътирози ҳаққонии аҳли адаб гардида буд. Даъватҳои ӯ барои рӯй гардондан аз анъанаҳои романтикии назми классикӣ, кӯшиши аз дафтари назми шӯравии тоҷик хат задани номи Лоҳутӣ, ба ҳеҷ баровардани бисёр

1 Ниг.: Шоир бояд муборизи фаъол бошад, «Маориф ва маданият», 27 ноябри с. 1962; Наш долг, наше призвание, «Коммунист Таджикистан», 23 марти 1963; Шоистаи ғамхорӣ, «Маориф ва маданият», 19 июни 1969; Оре, шоиста ва муҳтоҷи ғамхорист, «Маориф ва маданият», 7 декабри 1969.

пешина
аз 202
навбатӣ