Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
асарҳои Ҳамдӣ, Раҳимӣ, Турсунзода, Миршакар, Деҳотӣ, тамоми адабиёти классикиро риторика эълон кардани Ғаффор Мирзо дар китоби «Анъана, халқият ва маҳорат» сахт танқид шуда буд. М.Шакурӣ зимни танқиди ақидаҳои мазкури Ғ.Мирзо бо як ташвиши дилсӯзона қайд карда буд, ки «рӯҳияи нигилистона дар афкори Ғаффор Мирзо дер боз вуҷуд дорад ва ба эҷодиёти бадеии ӯ таъсири манфие гузошта истодааст».
Натиҷаи ҳамин «муносибати худро ба гузашта дуруст муайян» накардан аз ҳамон солҳои 60 боиси «роҳи ояндаи худро муайян карда натавонистан» ва дар ин муддати тӯлонӣ як асари ҷолибе, ки дар ҷараёни адабии муосир нақше гузошта бошад, ба миён оварда натавонистани Ғаффор Мирзо – ин шоири соҳибистеъдод гардид. Ақидаҳои нигилистонаи Ғаффор Мирзо нисбат ба мероси гузашта, ки дар китоби «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ» низ ба танқиди сахт дучор шуда буд, баъдтар дар шакли нисбатан пардапӯшона дар «Мактуби кушода» («Адабиёт ва санъат», 10 июли 1986) дар мисоли муносибати ӯ ба ғазал аз нав зуҳур кард.
Ва ҳоло ҷоиз аст бори дигар тезиси мазкури М. Шакуриро андаке тағйир дода бигӯем, ки ҳеҷ адиби асил то муносибати худро ба гузашта дуруст муайян накунад, роҳи ҳозира ва ояндаи худро дуруст муайян карда наметавонад.
Китоби «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ» дар инкишофи танқиди адабии тоҷик, дар болоравии сифатии ин жанри адабиётамон, дар роҳи аз тавзеҳу ташреҳи сирф иҷтимоъшиносӣ ба таҳлили пайвастаи ғоявию эстетикии адабиёт рӯй овардани танқиди адабии тоҷик зинаи муҳим гардид. Як гурӯҳи масъалаҳое, ки дар ин китоб ба сифати гузориш баён шуда буд, дар тадқиқоти баъдии олим вусъат пайдо кард.
Масалан, дар рисолаи «Пайванди замонҳо ва халқҳо» (1982) масъалаҳои робитаи гуногунҷиҳатаи адабиёти муосир бо мероси гузашта ва алоқаҳои адабиёти тоҷик бо адабиёти халқҳои дигар мавриди тадқиқи муфассал ва амиқ қарор гирифтаанд. Муаллифи ин рисола байни анъанаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Восифӣ, Аҳмади Дониш ва асосу заминаҳои реализм ва романтизми адабиёти муосир хатти пайванду алоқа кашидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё